Ҷамъоварии нахустин ҳосили банан дар Туркманистон

Соҳибкорони Туркманистон ба ҷамъоварии нахустин ҳосили банан омодагӣ мебинанд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Ширкати туркмании «Фрехар» дар вилояти Марии Туркманистон дар гармхонаҳо банан парваридааст.

Хабар дода мешавад, ки нахли бананҳоро аз Туркия овардаанд. Интизор меравад, соҳибкорон 30-40 тонна банан ҷамъоварӣ хоҳанд кард.

Соли гузашта Туркманистон дар ворид кардани банан аз кишвари ҳамсояаш Эрон ҷои аввалро касб карда буд. Хадамоти марзбонии Эрон хабар дод, ки 1670 тонна банан ба Туркманистон, Туркия ва Қатар содир шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *