Амрико Байталмуқаддасро поитахт кард

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, «замоне фаро расидааст, ки Байтулмуқаддасро расман пойтахти Исроил эътироф кунем». Ӯ 6 декабр ҳамчунин афзуд, ки дастур додааст, то барои кӯч додани сафорати кишвараш аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас омодагӣ бинанд.

Трамп ҳамзамон изҳор дошт, ки барои мусоидат ба имзои созишномаи сулҳ миёни фаластиниён ва исроилиён тамоми талошашро анҷом хоҳад дод.

Президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбе гуфт, тасмими ӯ дар бораи эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил хеле давом кард. «Фикр мекунам, ин хеле тӯл кашид. Бисёре аз президентҳо мегуфтанд, ки кореро анҷом медиҳанд, вале анҷом намедоданд», — изҳор дошт Трамп дар ҷаласаи Девони вазирон.

Пештар Трамп ҳангоми суҳбатҳои телефонии худ бо раҳбарони Исроил, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Миср ва Урдун эълом кард, ки ИМА Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф карда, сафорати худро аз шаҳри Тел-Авив ба он мекӯчонад.

Раҳбарони кишварҳои араб тасмими ӯро сахт интиқод кардаанд. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ гуфт, аз ҳама гуна иқдоме, ки дар оянда монеи имзои созишномаи сулҳ миёни фаластиниҳо ва исроилиён мешавад, бояд худдорӣ кард. Вазорати умури хориҷии Фаронса изҳор дошт, ки мақоми Байтулмуқаддас бояд дар натиҷаи гуфтугӯи Фаластин ва Исроил муайян гардад.

Бархе аз намояндагони амрикоӣ гуфтанд, Трамп бар ин аст, ки тасмими ахири ӯ ба пешрафти раванди сулҳ мусоидат мекунад. Вале онҳо таъкид карданд, ки ин қарор танҳо баъд аз изҳороти президенти ИМА расмӣ хоҳад шуд.

Интиқоли сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас ва эътирофи он ҳамчун пойтахти Исроил хилофи созишҳои байналмилалӣ аст. Бештари кишварҳои Ғарб Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф намекунанд. Фаластиниҳо исрор доранд, ки Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти кишвари онҳо хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *