Амрико бо ваксинаи ихтироъ намудааш мубталоёни вирусро зиёд кард

Субҳи 27 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 ба  532 224 кас расид. Шумораи фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошанд. Теъдоди мубталоён дар ИМА марзи 85-ҳозорро убур намуда, дар сархати раддабандии кишварҳои мубталошуда қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ИМА бо теъдоди гирифторони 85, 589-ҳазор нафар аз Чин пеш гузашта, дар мақоми аввал қарор гирифт. Чин дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 81 340 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 80 589 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 8 215 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 57 786, Германия — 43 938, Эрон — 29 406, Франсия — 29 155, Швейтсария — 11 811, Британияи Кабир — 11 658 ва Кореяи Ҷанубӣ — 9 332 ба қайд гирифта шудааст.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *