Амрико: Кореяи шимолӣ аз 20 то 60 бомбаи амтоӣ дорад

Бар асоси гузориши арзёбии Вазорати ситоди артиши Амрико, Пхенян байни 20 то 60 бомбаи атомӣ ва аз 2500 то 5 ҳазор тонна аслиҳаи химиявӣ дорад. Дар гузориши артиши Амрико омадааст, ки Кореяи Шимолӣ шумора ин навъи силоҳро барои ҷилавгирӣ аз тағйири режим дар кишвар пайваста зиёд менамояд.

Бар асоси иддаои артиши Амрико, Кореяи Шимолӣ имкон дорад, солона 6 бомбаи атомии ҷадид тавлид кунад ва метавонад то поёни соли 2020 теъдоди аслиҳаи ҳастаии худро ба 100 адад бирасонад.

Дар ин гузориш ҳамчунин ишора шудааст, ки Ким Чен Ин-роҳбари Кореяи шимолӣ шоҳиди сарнавишти Муаммар Қаззофӣ диктатори Либия аст ва намехоҳад чизе мушобеҳ ба он дар Кореяи шимолӣ иттифоқ биафтад.

Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико ва Ким Чен ин – роҳбари Кореяи Шимолӣ барои аз байн бурдани барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ бар ивази имтиёзоти Амрико аз июни соли 2018 то кунун се бор бо якдигар дидор доштаанд. Аммо ин музокирот ба думболи ихтилофоти амиқи ду тараф дар мавриди халъи силоҳи ҳастаии Кореяи шимолӣ ва коҳиши таҳримҳои Амрико бо шикаст мувоҷеҳ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *