Амрико не! Аврупо ҳа! Ашраф Ғанӣ ва Доктор Абдулло муттако меҷӯянд!

То интихоботи Раиси ҷумҳур (Президент) дар Афғонистон ду рӯз боқӣ мондааст. Рӯзи шанбе, дар ҳоле ки 47% хоки Афғонистон зери тасарруфи “Толибон” қарор дорад, интихобот дар ин кишвар баргузор мегардад.

То интихоботи Раиси ҷумҳур (Президент) дар Афғонистон ду рӯз боқӣ мондааст. Рӯзи шанбе, дар ҳоле ки  47% хоки Афғонистон зери тасарруфи “Толибон” қарор дорад, интихобот дар ин кишвар баргузор мегардад.

“Толибон” мухолифи баргузории интихобот, ИМА ҷонибдори мулоқот бо Толибон ва мавқуф гузоштани интихоботанд. Суҳбати Шариф Ҳамдампур бо хонум Эллинор Зейно,  роҳбари Намояндагии хазинаи  Кондрат Аденауер дар Афғонистон пешкаши хонандагони “Тоҷикистон” мегардад.

Хонум Эллинор, дар арафаи баргузории интихобот Афғонистон дар кадом вазъ қарор дорад?

— Вазъи сиёсӣ ва амният дар Афғонистон рӯз ба рӯз вазнинтар мешавад. Интихобот дар шароите баргузор мегардад, ки мардум аз ҳукумат канорагирӣ мекунанд, мухолифин ва “Толибон” фишори бештар сари ҳукумат меоранд.

Дар чунин вазъият баргузории интихобот имконпазир аст?

— Бояд баргузор гардад.

Чанд нафар даъвои курсии Раиси ҷумҳур доранд?

— Айни замон 18 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Эҳтимол то рӯзи баргузории интихобот шумораи онҳо кам шавад. Номзадҳои асосӣ Раиси ҷумҳури ҳозира  Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло Абдулло ҳастанд.

Аз ин ду “Толибон” кадомеро бештар ҷонибдорӣ мекунад?

— Ҳеҷ кадомашонро. Онҳо мухолифи интихоботанд ва кӯшиш доранд, ба баргузории он монеъ шаванд.

Аз ду нафаре, ки номбар кардед, кадоме имконоти бештари ғалаба ба даст овардан дорад?

— Ҳоло пешбинӣ кардан душвор аст. Аммо ман фикр мекунам, ки имконоти  Ашраф Ғанӣ бештар аст.

Неруҳои Шимол ҳанӯз ҳам сархаманд ё мубориза доранд?

— Дар Шимол қувваҳо зиёданд ва доктор Абдулло аз онҳо намояндагӣ мекунад.

Вақтҳои охир дар бораи писари Аҳмадшоҳи Масъуд зиёд ҳарф мезананд. Ӯ тарафдорон дорад?

 — Вай ҳоло хеле ҷавон аст. Албатта, таъсири ӯ ба шарофати номи падараш аст.

Генерал Дустум киро тарафдорӣ мекунад?

— Вай ҷонибдори доктор Абдуллост.

Ғалабаи номзадҳо аз ҷонибдории қувваҳои беруна вобаста аст ё қувваҳои дохила?

— Бисёриҳо бар он андеша ҳастанд, ки ҳар касеро, ки Амрико ҷонибдорӣ мекунад, ғалаба хоҳад кард. Чуноне ки дар интихоботи соли 2014 шуда буд. Он вақт Ашраф Ғанӣ  ғалаба кард.

Ҳоло ИМА киро дастгирӣ мекунад?

— Ҳоло вазъият чандон рӯшан нест. Дар интихоботи гузашта Ашраф Ғаниро дастгирӣ карданд ва оқибат пушаймон шуданд. Ҳоло амрикоиҳо ба баргузории интихобот ҳавасманд нестанд. Зеро бо “Толибон” созишнома нест, барои онҳо одаме лозим аст, ки бо Толибон тавонад гуфтушунид кунад.

Ба фикри шумо кӣ метавонад бо онҳо гуфтушунид барпо кунад?

— Муносибати Ғанӣ бо “Толибон” хеле бад аст. Аммо дар Афғонистон қавму гурӯҳҳои хеле қавии паштун ҳастанд, ки бо “Толибон” иртибот доранд ва дар баргузории гуфтушунид метавонанд нақш дошта бошанд. Мисоли он Ҳомид Карзай аст.

— “Толибон” бо Покистон дар як мавқеъ қарор доранд?

— Ба фикри ман “Толибон” қувваи мустақил ҳастанд. Покистан ба “Толибон” таъсир дорад, аммо кам. Мехоҳад дар  муноқишаҳо бо Ҳиндустон онҳоро истифода  барад, аммо таваҷҷуҳи “Толибон” банди масъалаҳои  дохилии Афғонистон аст. Яъне, бархӯрди манфиатҳо нест. Ин ҷо бояд куҳантолибону ҷавонтолибонро аз ҳам фарқ кард.  Куҳантолибон бо Покистон сахт пайванданд. Зеро як қисми онҳо покистониянд. Ҷавонтолибон бошанд, аз таъсири Покистон дуранд.

— Баъзеҳо бар он назар ҳастанд, ки “Толибон” ҷини аз  кӯза раҳоёфтаро ба хотир меоваранд. Оё имкон дорад, ки дубора ин ҷинро ба дохили кӯза андозанд?

— Ин мавзӯи бисёр муҳим аст. “Толибон”-е ҳастанд, ки танҳо ба хотири пул силоҳ ба даст мегиранд, толибони радикалӣ ҳам ҳастанд, ки аз итоати Покистон дуранд, онҳоро таҳти назорат гирифтан душвор аст. Толибони ҳадафманд низ ҳастанд, ки онҳоро Қатар маблағгузорӣ мекунад.  Шумораи онҳо даҳ фоизи умумии “Толибон”-ро ташкил медиҳад. Барои дигарон дар сафи “Толибон” будан, танҳо ба хотири маблағ ба даст овардану зиндагиро ба роҳ мондан аст.

—  Қатар чӣ мехоҳад?

— Қатар мехоҳад дар музокирот бо “Толибон” иштирок кунад ва таъсиргузор бошад. Инро Арабистони Суудӣ намехоҳад. Миёни Қатар ва Арабистони Суудӣ ҷанги сард меравад. Онҳо ҳатто муносиботи дипломатӣ надоранд. Қатар мавқеи Эронро тарафдорӣ мекунад. Арабистони Суудӣ мехоҳад дар Ал Рияд бюрои “Толибон”-ро ташкил кунад, ки ин фикр барои Қатар писанд нест. 

— Кӣ ҳавасманд аст, ки дар Афғонистон интихобот баргузор гардад?

— Пеш аз ҳама, Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ. Ӯ мехоҳад, ки интихобот баргузор гардад ва ӯ ғалаба кунад. Албатта, Аврупо ва Амрико ҳам ҳавасманд ба баргузории интихоботанд. Аммо ИМА дар ҷои аввал гуфтушунид бо “Толибон”-ро мегузорад, Аврупо дар ҷои аввал баргузории интихоботро.

Баъд аз баргузории интихобот дар Афғонистан ягон чиз тағйир меёбад?

— Ҳукумат нав мешавад, одамони нав сари қудрат меоянд. Аммо музокирот бо “Толибон”  чун пеш аз интихобот идома меёбад.

Гуфтанӣ ҳастед, ки ҳеҷ чиз тағйир намеёбад.

— Ман хушбин ҳастам, аммо ҳоло пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст.

 — Дар бозори сиёсати Афғонистон бозингари нав Давлати исломӣ пайдо шуд. Он чӣ нақш хоҳад дошт?

— Дар сарҳади покистонии Афғонистон тарафторони ДИИШ, алалхусус дар вулусволиҳо зиёданд. Қисмати зиёди онҳо афғонҳо ҳастанд. ДИИШ бо қишри бисёр камбизоат, ки савод, ҷои кор  надоранд, кор мебаранд. Мегӯянд, ки дар гурӯҳҳои Давлати исломӣ 800 доллар маош мегиранд. Онҳоро шахсони алоҳида аз Қатар ва Арабистони Саудӣ маблағгузорӣ мекунанд ва ба ин васила мехоҳанд ҳадафҳои худро амалӣ созанд.

Шумораи онҳо дар Афғонистан ба чӣ миқдор аст?

— Аз рӯи маълумотҳо аз 5 то 7 ҳазор.

Дар қисмати сарҳад бо Тоҷикистон ҳам ҳастанд?

— Назарҳо мухталифанд. Аммо яқин миёнашон шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳастанд.

— “Толибон” мавқеи ДИИШ -иёнро ҷонибдорӣ мекунад?

 — Не. Онҳо байни ҳам мубориза доранд. Ҳамин чиз сабаб шудааст, ки Чин ва Русия бо “Толибон” муносибат барқарор мекунанд ва онҳоро дар мубориза бар муқобили ДИИШ истифода мебаранд.

— Дар сарҳади Тоҷикистон қарор доштани “Толибон” хатар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод мекунад?

— “Толибон” бе амбитсия ҳастанд. Таваҷҷуҳи онҳо танҳо ҷалби масоили дохилии Афғонистон аст.

— Сиёсати миллии “Толибон” бештар ба кӣ нигаронида шудааст: паштуҳо ё миллатҳои дигар?

— Толибон аслан аз паштуҳо иборатанд.

Эрон аз “Толибон” ҷонибдорӣ мекунад?

— Эрон бо “Толибон” робита дорад.

Бо Русия чӣ?

— Робита дорад. Амрикоиҳо бар он назаранд, ки русҳо, эрониҳо, чиноиҳо ба “Толибон” силоҳ медиҳанд. Аммо ман чунин маълумот надорам.

— Мақсади “Толибон” чист?

— Онҳо мехоҳанд, ки дар Афғонистон аморати исломӣ созанд ва мардумро водор созанд, ки аз рӯи шариати ислом зиндагӣ кунанд.

Назари дигар ҳам ҷой дошт: чун дар ИМА сохтани давлати иборат аз вилоятҳои мустақил. Аморат ё вилоятҳои мустақил мушкилоти Афғонистонро ҳал мекунанд?

— Фикрҳо мухталифанд. Ин масъалаи дохилии Афғонистон аст, ки давлати мутамарказ месозад ё ғайримутамарказ.  Вазифаи асосӣ дар бист соли наздик бунёди институтҳои демократӣ ва сохтори давлатист.

Чанд фоизи мардуми Афғонистон даризабон (тоҷикзабон) ҳастанд?

— Беш аз 60 фоиз.

— Тоҷикон дар Афғонистон вазн доранд?

— Ҳастанд тоҷиконе, ки дар сиёсат ва тиҷорат вазн доранд.

Агар ИМА аз Афғонистон хориҷ шавад, кишварҳои Ғарб низ хориҷ мешаванд. Оқибати он барои Афғонистон чӣ гуна хоҳад буд?

— Сиёсат дар Афғонистон дигар мешавад. Таъсири Чин зиёд мегардад.

— Ҳиндустон ба Афғонистон ҳамкории мустақим дорад ё ба воситаи Чин?

– Ҳамкориҳои ин ду кишвар зич ва стратегӣ ҳастанд.

Русия чӣ?

-Ҳамкориҳо бо Русия чандон хуб нестанд. Насли калон ҳанӯз ҷанги русҳоро дар Афғонистон фаромӯш накардааст. Насли ҷавон бетараф аст.

— Мавқеи Эрон чӣ?

— Эрон ба якбора баромадани Амрико аз Афғонистон ҳавасманд нест. Мехоҳад, ки ҷараёни хориҷшавӣ хело оҳиста бошад.

—  Эрон дар Афғонистон тавассути тоҷикон мавқеашро устувор месозад ё қувваҳои дигар?

— Ба воситаи ҳазораҳо ва шиамазҳабон.  Бо тоҷикон робитаи густурда надорад.

-То рӯзи баргузории интихобот дар Афғонистон ҳамагӣ чанд рӯз боқӣ мондааст. Эҳтимолияти баргузор нагаштани интихобот вуҷуд дорад?

— Ман ҳарчанд хушбин ҳастам, пешгӯӣ карда наметавонам. Касони дигар ҳам наметавонанд. Дар шароити имрӯза дар Афғонистон ҳама чизро интизор шудан мумкин аст!

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *