Амрико нисбати Чин ҳам таҳрим карданист

 Амрико Руссия ва Чинро таҳдид намуда гуфтааст, ки агар хариди нафтро аз Эрон идома диҳанд нисбаташон таҳрим эълон мекунад. Вазири молияи Амрико  Стивен Тернет Мнушин, рӯзи панҷшанбе  зимни ироаи гузорише ба Кумитаи хадамоти молии Маҷлиси намояндагони Амрико ин матлабро баён дошт.

Стивен Тернет Мнушин ба саволи он ки «Оё Вашингтон дар ҳақиқат нияти таҳрим кардан бо ин ду давлатро дорад?» посух дода  гуфт, ки  Амрико қасд дорад барои муқобила бо хариди нафти Эрон, «ҳар кишваре, аз ҷумла Чин»-ро таҳрим кунад. Инчунин зикр намуд, ки   «бори дигар, мо қасдамон ин аст, ки алайҳи нафти Эрон таҳримҳое алайҳи Русия, Аврупо ва дигарон ҷорӣ кунем.»

Муносибати бади Амрикову Эрон то ба ҳаддае расидааст, ки аввали моҳи майи соли равон  Амрико аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва дар пай мудири сиёсатгузории вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки даври нави таҳримҳои нав алайҳи Эрон оғоз мешавад ва талош хоҳад шуд, то содироти нафти Эрон ба сифр бирасад.

Аммо Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамроҳи Русия ва Чин талош доранд, то ба созишномаи атомӣ бо Эрон содиқ бимонанд. Бо вуҷиди ин онҳо иқрор шуда истодаанд, ки таҳрими Амрико барояшон душвор меафтад. Оҷонсии байналмилалии энергетикӣ рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки содироти нафти Эрон ба Аврупо ба хотири таҳримҳои Амрико дар моҳи гузашта назар ба моҳи қабл, ним баробар кам шудааст.

Ин таҳримҳо оҳиста-оҳиста таъсири худро ба Русия низ расонда истодааст.  Ҳамчунин Чин — бузургтарин харидори нафтии Эрон низ дар нимаи аввали моҳи май ибрози «умедворӣ» кард, ки воридоти нафт аз Эронро идома бидиҳад, гуфт, ки барои идомаи ин кор мушкиле пеши роҳашро намегирад.

Дар баробари талошҳои Амрико барои қатъи содироти нафти Эрон, Ҷумҳурии исломӣ низ дар талош аст то ҳомиёни худро аз даст надиҳад. Дар ҳамин росто, Алиакбар Вилоятӣ, мушоври умури байналмилалии раҳбари Эрон рӯзи панҷшанбеи 12-уми июл дар ҷараёни сафараш ба Русия аз ҳамкории ширкатҳои русӣ бо Эрон, ибрози хушнудӣ кард. Расонаҳои Эрон хабар додаанд, ки оқои Вилоятӣ баъд аз музокироташ бо мақомоти Русия, эҳтимолан ба Чин низ хоҳад рафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *