Амрико Русияро ба хотири Навалний таҳдид кард
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Русия таҳдид кардааст,ки дар ҳолати исбот гардидани он, ки Алексей Навалний барқасдона заҳролуд гардидаааст, зидди ин кишвар чора мебинад. Пас аз мулоқот миёни вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва муовини котиби давлатии ИМА Майк Помпео Стивен Биган, Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин бора хабар дод.
Дипломатҳо мегуянд, ки ҷониби амрикоӣ ин ҳодисаро бо Навалний бидуни интизории натиҷаҳои ниҳоии ташхиси баҳогузорӣ кардааст. Амрикоиҳо таъкид карданд, ки «агар заҳролудшавии ӯ исбот шавад, Вашингтон чораҳо меандешад, ки аксуламали ҷомеаи амрикоӣ ба дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА дар назди он ҳеҷ аст.» Масъулони Русия ин изҳоротро номақбул ва таҳқиромез унвон карданд. Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид мекунад, ки роҳбарияти Русия ҷонибдори таҳқиқи ҳамаҷониба ва объективии ин ҳодиса мебошад. Табибони олмонӣ сабаби вазнин будани ҳолати Навалнийро ба заҳролудшавии ҷисми рабт медиҳанд. Ҳанӯз моддаҳои мушаххасе, ки забаби заҳролудшавӣшудаанд, муайян нест ва таҳлили ҳамаҷонибаи он идома дорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки 22 август мухолифи ҳукумати Русия аз Омск ба клиникаи Берлин бурда шуд. Навалний субҳи 20 август ҳангоми парвоз аз Томск ба Маскав бемор шуд ва ҳавопаймо фавран ба Омск фуруд омад. Сухангӯи Навалний иддао кард, ки дар рӯзи сафар ӯ ҳеҷ чиз нахурда буд ва танҳо дар қаҳвахона, дар фурудгоҳи Томск чой нӯшид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ