Амрико сафирашро дар Душанбе иваз мекунад

Президенти  Амрико Ҷо Байден  Мануэл П. Микаллери хурдӣ (Manuel P. Micaller, Jr) –ро ба мақоми Сафири фавқулодда ва мухтори кишвараш дар Тоҷикистон пешбарӣ мекунад. Дар ин бора 22 июн Кохи Сафед хабар додааст.

Дар сурати тасдиқи номзадиаш дар Конгресс, Мануэл Микаллер дар Душанбе Ҷон Марк Поммершаймро иваз хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки Мануэл Микаллер ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ балад аст.

Поммершайм аз аввали соли 2019 сафири Амрико дар Тоҷикистон мебошад.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва Авруосиё кор кардааст.Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони Си Эн Эн дар Русия кор кардааст. Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *