Амрико Тоҷикистонро кашф мекунад
Як ҳайати тиҷоратии Амрико ба Душанбе омад. Филипп де Леон, раҳбари Шӯрои тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон, рӯзи 13-уми июл гуфт, ки ҳадафи аслии онҳо шиносоӣ бо вазъи иқтисод ва фазои сармоягузорист.
Ба ҳайати мазкур масъулини тақрибан 10 ширкат, аз ҷумла Baker&McKenzie, General Electric, Amity Technology ва The Coca Cola Company шомиланд. Роҳбари ҳайати тоҷирону соҳибкорони амрикоӣ рӯзи 13-уми июл хушбинии худро аз шиносоӣ бо муҳити бозори Тоҷикистон баён кард ва гуфт, ин кишвар барои соҳибкорони амрикоӣ як бозори ношинос, вале ҷаззоб ба ҳисоб меравад. “Ин сафари нахустини ҳайати тиҷоратии Амрико ба Тоҷикистон аст. Мо тасмим гирифтем, ки бо чашми худ бо вазъи Тоҷикистон шинос шуда, маълумоти заруриро дар бораи ин кишвар ба ширкатҳо бирасонем. Сафари мо ба тасмими бизнесменҳои Амрико бетаъсир нахоҳад буд. Онҳо фикр мекунанд, модоме ки ҳайат дар Тоҷикистон қарор дорад, вазъият барои бизнес дар ин мамлакат хуб аст», — шарҳ дод ӯ.Ин сафар бо даъвати ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Мақомоти кишвар гуфтаанд, ки тарафдори фарохтар шудани бозори тиҷоратӣ аз ҳисоби ширкатҳои амрикоӣ мебошанд. Ба гуфтаи де Леон, ҷониби Амрико сармоя ва технологияи пешрафта ва Тоҷикистон нерӯи кори арзону маводи хом дорад. Аз ин лиҳоз ҷонибҳо метавонанд дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, маъдани кӯҳӣ ва ҷаҳонгардӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд барпо кунанд.Зимнан, ба ҳайати тиҷоратии Амрико ширкатҳои маъруфе чун, AGCO Co- содиркунандаи техникаи кишоварзӣ, Baker&McKenzie — ироакунандаи хадамоти ҳуқуқӣ, GeneralElectric тавлидкунандаи ашё ва таҷҳизот барои бахшҳои энергетика, тандурустӣ, нақлиёт ва ширкати WHITE64 — ироакунандаи хидматҳои сайёҳӣ шомил буда ва онҳо эълон карданд, ки омодаанд ҳам бо бахши давлатӣ ва ҳам хусусии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.Елена Сон, ҳамоҳангсози Шӯрои тиҷоратии Амрикову Тоҷикистон гуфт, “рӯзи гузашта аз минтақаи озоди иқтисодии Данғара дидан кардем. Ин минтақа бо имконот ва ҳудуди худ моро дар ҳайрат гузошт. Вақте ба Вашингтон бармегардем, ба ҷамъияти соҳибкорон ва ширкатҳои хусусӣ мерасонем, ки мардум ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо мо алоқаманд аст.”Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки сафари ошноии соҳикборони амрикоӣ аз муҳити тиҷоратии кишварашон натиҷа медиҳад ва роҳи сармояҳои амрикоӣ ба бозори ин кишвар боз хоҳад шуд. Некрӯй Забирзода, раиси ширкати “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, гуфт, дар бизнес-форуми Амрикову Тоҷикистон, ки қарор аст рӯзи 14-уми июл дар Душанбе барпо шавад, имкониятҳои ҳамкории ширкатҳои ватаниву амрикоӣ баррасӣ хоҳад шуд.Дар ҳоле, ки аъзои ҳайати тиҷоратии Амрико мегӯянд, аз натиҷаҳои музокирот дар Тоҷикистон хушбинанд, дар як соли охир фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва шароити кори ширкатҳои хориҷиву ниҳодҳои молии байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Дар изҳороти матбуотии сафирони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо аз вуҷуди қоидаҳои нонавишта барои кори ширкату соҳибкорони хориҷӣ, вуҷуди фасод ва баланд будани мизони андозбандӣ интиқод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ