Амрикоиро заду тилло гирифт…
Муштзани узбек дар вазни беш аз 91 кило қаҳрамони олимпӣ шуд.
Токио — 2020 барои Ӯзбекистон бо се нишони тилло ва ду биринҷӣ ба анҷом расид.
Баҳодур Ҷалолов, варзишгари ӯзбек дар рақобати ниҳоии Бозиҳои олимпӣ бар рақибаш — муштзани амрикоӣ Ричард Торрес пирӯз шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҷалолов рақибашро пахш карда, ба ӯ шонси пирӯзӣ надод: ҳисоб пас аз се давр ба нафъи варзишкори ӯзбек 5: 0 баробар шуд.
Ин ғалабаи бесобиқаи тими миллии муштзании Ӯзбекистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ