Амрико: «Маҳбуси Гуантанамо, ки рус аст, дар Тоҷикистон тамрин мекард»

Амрико мегӯяд, маҳбуси русе, ки дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад, як замоне дар Тоҷикистон тамрин дидааст.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ин маҳбуси рус дар Тоҷикистон «дар лагери Ҳаркати исломии Узбакистон тамрин» карда, баъдан ба Афғонистон рафтааст.
Ин маҳбуси рус Равил Мингазов ном дошта, аз соли 2002 дар Гуантанамо нигоҳ дошта мешавад. Ба навиштаи сайти Courthouse news service  ин маҳбуси рус дархост кардааст, ки ӯро ба дигар зиндон интиқол диҳанд.

Ин сайт бо такя ба гуфтаи вакили дифои Равил Мингазов навиштааст: “ИМА бар ин аст, Мингазов, ки ҳудуди 14 сол мешавад дар маҳбас аст, хизмати ҳарбӣ дар артиши Русияро тарк намуда, соли 2001 ба Ҳаракати исломии Узбакистон, ки бо “Ал Қоида” иртибот дорад, пайвастааст. Аммо ба фарзияи вакилони дифоъ бошад, зерҳимояи онҳо аз он ки дар артиш ба вай иҷозаи гузоштани намозро намедоданд, хеле нигарон буд. Дар натиҷа ӯ ба Тоҷикистон рафт, ки ҳамроҳи хонаводааш метавонист озодона ибодатҳои худро анҷом бидиҳад”.

Инчунин таъкид мешавад, ки “ИМА бар ин аст, дар Тоҷикистон Мингазов дар лагери Ҳаракати исломии Узбакистон тамрин дида, миёнаҳои соли 2001 ба Афғонистон меравад ва ба гуруҳҳои террористӣ мепайвандад”.
Расонаи «РИА Новости» бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки
“Маҳбус RS-702 (зери ҳамин рақам Мингазов дар санадҳо зикр мешавад), эҳтимолан дар Афғонистон дар чанд лагер тарзи таҳияи маводи мунфаҷира, моддаҳои заҳрноку кимиёвиро аз худ кардааст”.

Дар ҳамин ҳол, Гэри Томпсон, яке аз вакилони дифоъ аз Мингазов шахси ором ва осоишта тавсиф кардааст, ки дар сурати раҳоӣ “ба касе зарар намерасонад”.

Ба гуфтаи Томпсон, “Мингазов таърих ва мушкилоти аққалиятҳои Русияро дар анҷом додани оинҳои динниашон хуб медонад”.

Ба иттилои Courthouse news service, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Мингазов намехоҳад ба Русия баргардад.

Қарор аст, комиссияи байниидоравии маъмурияти Амрико давоми чанд моҳи оянда тасмими худро нисбат ба ин маҳбус эълом кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *