Ҳамроҳи нобоб Маҳмудро дар ағба танҳо партофт

Ширкати “Сорбон Аз Транс” барои кӯмаки Маҳмуд Суюнов, ронандаи мошинҳои борбари ин ширкати ҳамлу нақл ба Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон муроҷиат кардааст.

Ин ронанда бо мошини борбари худ ва 11 тонна бор ба садама дучор шуда, зиёда аз 10 рӯз мешавад, дар ағбаи сербарфи Оқтоғи Қирғизистон дармондааст.

Ширкати боркашонии “Сорбон Аз Транс” низ тасдиқ кард, ки дар воқеъ ронанда Маҳмуд Суюнов дар ин ширкат кор мекунад ва бояд аз Москва тариқи марзи Қазоқистону Қирғизистон ба Душанбе бор меовард. Ширкат мегӯяд, аз ҳоли ронандааш ахиран огоҳ шудааст ва барои берун овардан ва ба ҳаракат даровардани мошин, 500 доллар фиристодааст.

Ба гуфтаи Бурҳон Орифов, як кормандони ширкати “Сорбон Аз Транс”, Маҳмуд Суюнов дар ин сафар танҳо набуда, ронандаи дигар ҳам ӯро ҳамроҳӣ мекардааст. Аммо ронандаи дувум баъди 2-3 рӯзи дармондан дар ағба, ҳамроҳашро гузошта, роҳи Душанберо пеш гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *