Ҳамсар ва хоҳарарӯси Раҳматшо Зуҳуров ба ҳалокат расиданд

Рӯзи 11 март бар асари як садама дар ноҳияи Данғара ҳамсар ва хоҳарарӯси Раҳматшо Зуҳуров, як корманди собиқадори ширкати «Барқи Тоҷик” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи Раҳматшо Зуҳуровро дар ҳолати вазнин дар бемористони марказии ноҳияи Данғара бистарӣ кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошине, ки аҳли хонаводаи Зуҳуровҳо бо он аз Кӯлоб ба Душанбе мерафтанд, дар ҳудуди Данғара бо як мошини дигар бархӯрдааст. Раҳматшо Зуҳуров ва ҳамсари ҳалокшудааш 5 фарзанд доштанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 1500 садамаи нақлиётӣ сабт мешавад. Бино ба оморҳо, ҳар сол бар асари ин садамаҳо то 500 нафар ба ҳалокат расида, то 1500 нафари дигар маъюб мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *