Ҳамшираро дар Масчоҳ уксус хӯронда куштанд?

                Асрори марги зани масчоҳӣ

Хабари дар шаби мавлуди ҷиянаш кислота хӯрда мурдани як зани масчоҳӣ дар саросари Вилояти Суғд паҳн гашта, боиси пайдо шудани овозаҳои зиёде гашт. Ҳар рӯз дар бораи ин ҳодисаи нохуш як гапи нав мерӯяд. Яке сабаби марги ҷавонзанро ба ҷанҷоли хонаводагӣ нисбат медиҳад, дуввумӣ апаву хоҳари марҳумро гунаҳгор месозад, саввумӣ бошад, мегӯяд, соҳибхона кайҳо боз нисбати аммааш дар дил кинаю адоват доштааст ва ин зиёфатро махсус барои аз миён бардоштани ӯ ташкил кардааст. Сару садоҳои зиёди оиди марги пурасрори ин зан пайдошуда моро ба он водор намуданд, ки ба борони шадид нигоҳ накарда, роҳ ҷониби ҷамоати Оббурдони Масчоҳи нав пеш бигирем…

Марги Саида марги шодиҳо гашт

Одатан тамоми бандагони худовандро баъди маргашон танҳо бо некӣ ёд мекунанд, вале аз суханони шахсоне, ки апаи Саидаро на як рӯзу ду рӯз, балки солиёни дароз мешинохтанд, мо дарёфтем, ки марҳум дар ҳақиқат инсони нек, ба қавли куҳансолон одами биҳиштӣ будааст. Ҳаққу ҳамсояҳо аз марги фоҷиавии ин зани кушодачеҳра афсӯс хӯрда бо чашмони ашкбор мегуфтанд: “Саида гули сари сабади мо буд, вале афсӯс, ки умр ба ӯ бақо накард. Марги ин зани шӯху ҳунарманду ширинзабон марги шодиҳои тамоми мардуми маҳаллаамон гашт…”

Саодат, хоҳаршӯйи марҳум:

Янгаам одам не, фаришта буд!

Аслан, янгаву қайсингилҳо мисли гургу гӯсфанд ҳамеша бо ҳамдигар чап ҳастанд ва сояи якдигарро аз девор метарошанд, вале янгаи мо аз он тоифа набуд. Вақте ки додарам Раҳматҷон (шавҳари марҳум) аз оилаи якумаш ҷудо шуд, ману модарам ба ҷустуҷӯи келини оқила ва покдомону ҳунарманд афтодем. Он замон (солҳои 1995-96) ҳамин янгаи раҳматиям, ки аслан шаҳрванди кишвари Қазоқистон ҳастанд, нав ба Масчоҳ кӯчида омада буданд. Баробари омаданашон овозаи ҳусну ҷамоли беназир ва ҳунармандию меҳрубонию хушгуфтории ин ҷавонзан дар тамоми ноҳия паҳн гашт, аз ҳамин сабаб мо азм кардем, ки ҳамин келинчакро ба додарам келин мекунем. Бо ҳамин риштаи тақдири додарам Раҳматҷон бо Саида пайваст. Янгаам дар тӯли 20 соли хонадориашон гапи сахт задан он тараф истад, ягон бор  ба рӯйи ягонтои мо ҳатто сахт нигоҳ накардааст. Тамоми маҳалла ҳаваси янгаи маро мехӯрд, ки ҳам мард асту ҳам зан. Дар ҳақиқат раҳматӣ зани гулдаст буд, ҳам кори хонаро мекард, ҳам  дӯзандагӣ мекард ва ҳам ба сифати ҳамшираи шавқат кор карда, дар кашидани бори зиндагӣ ба шавҳараш ёрӣ мерасонад. Одам не, фаришта буд янгаам, фаришта
Апаи марҳум:

Тӯй ба мотам табдил ёфт

-Мо дар оила 8 духтар ҳастем, вале Саида дар байнамон тамоман дигар буд-меҳрубон, дилсӯз, ҳунарманд. Замоне ман бемор шуда, се моҳи расо дар беморхона хобидам, бовар мекунед, ягон рӯзе нашудааст, ки вай маро хабаргирӣ нарафта бошад. Дар тӯли се моҳ ҳар рӯз як пояш дар беморхонаю пойи дигараш дар хонааш буд, баъзан дар як рӯз ду-се бор маро хабаргирӣ мерафт. Магар таҳаммул кардани марги чунин хоҳари меҳрубон осон аст?-Апаи марҳум инро гуфту зор-зор ба нолидан даромад. Аз нолаҳои пурсӯзу гудози ин зани ҷигарсӯхта дар фироқи фарзанди падараш дили санг ҳам об мешуд. Пас аз хеле гириста дилашро холӣ кардан, вай оби чашмонашро бо гӯшаи рӯймоли сафеди мотамиаш пок намуда, нақлашро идома дод:

-“Модар чӣ гуна, духтар намуна” гуфта, духтарашро ба писарам келин кардам. Ҷавонҳоро нав фотиҳа карда ба тӯй тайёрӣ дида истода будем. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки бо ҳамин баҳона Саида минбаъд тез-тез ба хонаам меояд ва аз суҳбатҳои ширинаш баҳравар мегардем, аммо тақдир бо мо бозии номардона карда, орзуҳои ширинамонро ба хоки сияҳ яксон карду тӯямонро ба азо табдил дод.  Сари хоҳаракамро зодрӯзи ҷиянаш хӯрд ё ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст, инро танҳо Худо медонад….

Шавҳари марҳум:

Занам бо пойи худ рафту мурдаашро оварданд

-Зодрӯзи аммабачааш Дилором Бердиева буд. Ҳамсарам “мардакҷон, агар наравем, хафа мешавад” гӯён, ба ҷону ҳолам намонд. Якҷоя ба муборакбодӣ рафтем. Занам сип-сиҳат буд, вале баъди ошро хӯрдан ҳолаш якбора бад шуд. Ба ӯ чанд намуд сӯзандору гузарониданд, баъди укол хоболуд шуда, гуфт, ки тамоман қуввату мадори ба хона рафтан надорад. Майлаш ту шаб ист, мо меравем гӯён, ман духтарам Лоларо гирифта ба хона омадам, вале дилам худ аз худ сиёҳӣ оварда, тамоми шаб мижа таҳ карда натавонистам. Қариб то соатҳои сеи шаб дар рӯйи ҳавлӣ сигор кашида нишастам. Тақрибан соатҳои чори саҳар

шавҳари ҷияни занам-Зиёдулло телефон карда гуфт, ки язна, тезтар биёед, апаи Саидаро ҳолашон вазнин шуда истодааст. Ҳозир мо ӯро  ба беморхона мебарем. Вақте ки ман ба беморхона расидам, духтурҳо меъдаи занамро мешустанд. Аз Зиёдулло пурсидам, ки чӣ гап шудааст ва барои чӣ меъдаашро мешӯянд. “Уксус хӯрдиян” гуфт. Шабона баъди омадани мо чӣ гапу чӣ кор шудааст, инро танҳо ҳамон зану шавҳар медонаду Парвардигори болои сар.
Духтари марҳум:

Сабаби марги модарамро аниқ кунед!

Лола Аҳророва, нахустфарзанди марҳум, ки дар арафаи ҷашни арӯсӣ қарор дошт, вале тӯяш ба мотам табдил ёфт, бо ашки шашқатор афсӯс мехӯрад, ки чаро ҳамон шаб ҳамроҳи модараш намонда ба хона омад. Лола ҳиқ-ҳиқ гириста гуфт:

-Ман ҳамеша бо модарам ифтихор мекардам, ки панҷ панҷааш ҳунар асту забонаш асал. Аз рӯзе, ки модарҷонамро аз даст додам, дунё дар назарам рангу бӯяшро гум кардааст. Ман аз мақомоти қудратӣ танҳо як хоҳиш дорам: Масъалаи марги модарамро содиқона таҳқиқ кунанд, то дили пуралами мо ором бигирад!

 Шарофат Иброҳимова:

Худкушӣ кардааст мегӯянд, аммо…

Шарофат Иброҳимова, муовини аввали раиси ҷамоати Оббурдон дар робита ба марги пурасрори ин зан чунин ибрози андеша намуд:

-Мо намояндагони ҷамоат ҳамон рӯзи сар задани ин фоҷиа ба хонаи марҳум рафтем. Албатта ҳолати аъзоёни ин хонаводаро дар он рӯзи сахту сангин тасаввур кардан душвор аст, зеро мушкил аст, зеро оилае, ки дар арафаи тӯй қарор дошт, якбора тӯяшон ба мотам табдил ёфт. Марҳум худкушӣ кардааст гуфтанд, вале ман ба ин гап бовар надорам, чунки ин хонадон на аз ҷиҳати моддӣ ягон камбудӣ дорад ва на дар муносибатҳояшон ягон мушкилӣ дида мешавад. Як оилаи тинҷу обод, аъзоёнаш бо ҳамдигар меҳрубону тифоқ, то имрӯз ягон бор касе ҷангу ҷанҷол ё бо ҳамдигар ғурбат карданашонро надидаю нашунидааст. Худатон як тасаввур  кунед, зани соҳибмаълумоте, ки ҷойи кори хуб, хонаи обод, фарзандони гул барин зебо ва шавҳари меҳрубон дорад, магар даст ба худкушӣ мезанад? Тахмину гумону шубҳаҳо зиёданд, вале сабаби аслии ҳодисаро ба фикрам танҳо мақомот фаҳмидаю ҳақиқатро рӯйи об бароварда метавонанд.

Кислота нӯшокии хушбӯй нест, ки…

Баъди шунидани фикри наздикони марҳум ва намояндагони ҷамоат мо бо аҳли ин оилаи мотамзада хайрухуш намуда, роҳ ҷониби шаҳри Хуҷанд пеш гирифтем. Ронандагоне, ки моро аз ҷамоат то маркази ноҳия ва аз Масчоҳ то Хуҷанд оварданд, фикрашонро атрофи марги ин  зан баён намуда мегуфтанд: Ба гумон аст, ки кас нафаҳмида як шиша уксусро нӯшад, охир уксус шарбат ё нӯшокии хушбӯй нест, ки бароҳат қулт-қулт бинӯшӣ, агар тасодуфан мебуд, як-ду қатра нӯшидан пас  шишаро партофта доду фиғон мебардошт. Ин ҷо сирре ниҳон аст…

Ҷиян душмани амма ё…

Тахмину гумонҳо оиди марги Саида Одинаева зиёданд. Аз рӯйи гуфти бархе аз сокинони маҳалла ҷияни марҳум, ки ҳамон шаб дар хонаи ӯ  ҷашни зодрӯз буд ва ин фоҷиа дар он ҷо рӯй додааст, нисбати аммаш дар дил хусумати шахсӣ дошта, ҳатто бадбинияшро ошкоро баён мекардааст. Баъзеҳо бар он назаранд, ки бо баҳонаи зодрӯз соҳибҷашн “хори рӯи роҳ”-ашро тоза карда монд, вале ин миш-мишу овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд, инро танҳо тафтишот ошкор карда метавонад. Боварӣ дорем, ки  масъулини мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, сабаби марги ин зани меҳрубони масҷоҳиро, ки зиёфати ҷашни зодрӯз 5 фарзандашро бе модар гардонд, муайян хоҳанд кард.
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Мастчоҳ-Хуҷанд

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *