Ҳамсояҳо таҳдид доранд, ки духтаронатро мекушем, агар…
Як сокини кӯчаи болои деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, ки худро ҳамчун Давронова Муҳибаи 37-сола муаррифӣ мекунад, ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» муроҷиат намуда, аз ҳоли бади худу фарзандонаш, ки мавриди тазйиқу фишори ҳамсояҳояш қарор гирифтааст, шикоят барад.
Муҳиба баъди фавти шавҳари аввалаш бо 2 духтарчааш танҳо монда ба хонаи падар баргашт. Баъди вафоти падару модараш Муҳиба бо ду тифли хурдсол дар хонаи падарӣ муқими монд, чунки ба ҷуз худ ва як апааш дигар касе аз падар нишона намонда буд.
Чор нафар ҳамсояҳояш, ки Муҳиба аз тарси ҷон аз гуфтани ному насабашон худдорӣ менамояд, ин зани танхову бекасро дида, мехоҳанд замину хонаи падари Муҳибаро, ки баъди сари волидон мероси духтрашон гашта буд, соҳиб шаванд.
Тавре Муҳиба мегӯяд чор ҳамсояи дороямон ба 6 сотих замини падариям чашм ало карда, пайваста ҷонамро ба лабам меоранду рӯирост ба хонаам зада даромада, маро лату куб мекунанд. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонам, ки ман бегона не, духтари хунии ин хонадон ҳастам вале онҳо бекасиямро дида, бо дашному ҳақорат таҳдид мекунанд, ки духтаронамро мекушанд, агар баромада наравӣ.
Муҳиба аз тарси он, ки духтаронашро дар пеши чашмонаш ба қатл мерасонанд, маҷбур шуда, ҳавливу ҳарами падариро тарк кард ва барои ҷонашро халос кардан ба як пирамарди фартут ба шавҳар баромад. Тақдир боз бо ӯ бозӣ карда, шавҳарашро аз байн рабуд ва дигар пуштибоне барояш наёфта боз ба бому дари падари, ки ба харобазоре шабоҳат дорад баргашт. Дар хонаи падар боз хамон аҳвол, оромӣ нест, шабу нисфишаб ба бому дараш сангборон мешавад ва духтаронаш аз тарси шикасту рехти бому тиреза ба даҳшат омада, то саҳар дар тобу таб печида, баробараш ашк мерезанд.
Муҳиба мегӯяд арзу шикояташро ба раиси маҳаллаву раиси ҷамоат гуфта бошад ҳам, касе ба додаш намерасад. Ҳамсояҳои муштзур ба дараҷае шерак шуда, ҳар шаб соати 12-и шаб роҳи қулайи тарсониданро ёфта, ба бому хонаи Муҳиба санг партофта, ӯро метарсонанду дар ҳолати мастӣ ба хонааш даромада, рӯирост “мекушем, дафъ шав аз ин чо”-гӯён ӯро аз хонаву дараш берун кардан мехоҳанд.
Мо аз тамоми сохторҳои қудратӣ хоҳиш дорем, ки ба мушкилии ин модар расидагӣ намуда, нисбати муштзӯрон чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ