Амволи «Сатурн онлайн»фурӯхта мешавад
Кумитаи андози Тоҷикистон баъзе молу мулк ва чанд бинои «Сатурн онлайн», як ширкати фароҳамкунандаи интернетро ба фурӯш гузоштааст.
Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки молу мулки ин ширкат аз соли гузашта бо қарори суд дар ҳабс буд ва феълан қарор аст, тариқи музояда фурӯхта шаванд. Кумитаи андоз ин ширкатро дар насупурдани андоз муттаҳам мекунад.Ширкати “Сатурн онлайн” аз аввалин ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон аст. Бархе ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои бузург аз тариқи ин ширкат интернет дастрас мекунанд. Ин ширкат моҳи декабри соли 2002 дар Кумитаи андоз сабт шудааст.»Сатурн онлайн», ки яке аз ширкатҳои сермуштарии фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон дониста мешавад, дар гузашта чунин мушкил надошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ