Анҷир — давои бемории асаб
Меваи анҷир серғизо мебошад ва дар таркибаш 12-28 фоиз қанд, инчунин сафеда, оҳар, витаминҳои гуногун, намакҳои органикӣ ва элементҳои оҳан, фосфор, калтсий, мис ва магний дорад.
Чунин таркиботи бойи химиявӣ ва хуштаъмии меваи анҷир нишонаи хосияти баланди парҳезӣ ва шифобахшии он аст. Меваи анҷирро дар шакли тару тоза, хушконида ва шарбатҳои гуногун истеъмол мекунанд.
Анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин ва дар кори системаи асаб истеъмол кардани анҷир барои системаи дилу раг муфид аст. Инчунин, анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад. Ин меваи ширин аз клетчаткаҳо бой ва барои системаи ҳозима муҳим аст. Анҷир перестатилкаи рӯдаҳоро беҳтар мекунад ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ мекунад. Гарчанд анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмол эҳтиёткор бошем. Азбаски он миқдори кофии шакарро дар бар мегирад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмол ҳатто метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева, миқдори шакарро дар организм назорат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ