Хувайдо

Анҷоми қазияи Ҳувайдо ва 24 сол ҳукми қотили ӯ дар Маскав

Суди вилояти Москва ба Александр Сёмин, қотили Ҳувайдои панҷсолаи тоҷик 24 сол дод. Ӯ  панҷ сол пеш дар Русия ба таври ваҳшиёна навраси тоҷикро таҷовуз ва ба қатл расонида буд.

“Қотили фарзандам имрӯз, 15-уми март ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”, — мегӯяд Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо.

Анҷоми қазияи Ҳувайдо ва 24 сол ҳукми қотили ӯ дар Маскав

Ёдовар мешавем, ки 22-юми июли соли 2018 Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола дар шаҳри Серпуховои Русия, ки хонаашон онҷо буд, нопадид гашт. Аммо рӯзи дигар ҷасади ӯ дар борхалтаи варзишие пайдо карданд.

Дар ҳодиса Александр Сёмин гумонбар мешуд, ки ҳамсояи онҳо буд. Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки наврас аввал таҷовуз ва баъдан бо корд ба қатл расонда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *