Анҷоми “16 рӯзи зидди зӯроварӣ”: Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед!

Дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи зидди зӯроварӣ” чорабинии маърифатию омӯзишӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар чорабинӣ ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 2, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Беҳрӯз Қурбонзода, равоншиноси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Маъбуда Бобоева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” Сабоат Бобоҷонова ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маҳлиё Ишонова ширкат варзиданд.

Мудири шуъбаи тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон Муҳаррама Темирова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён доштааст, ки чорабинии имрӯза барои таҳкими оиладорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва аҳли оила такони бузурге хоҳад бахшид.

Маъбуда Бобоева зимни баромад зикр намудааст, ки «ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ» қайд мегарад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни як тадқиқот маълум кардааст, ки 35 фоизи занон дар ҷаҳон дар давоми зиндагӣ бо хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин маълумот бармеояд, ки занон қишри осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, зӯроварӣ нисбати онҳо бештар ба назар мерасад».

Гуфта мешавад, ки тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, танҳо дар давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят наздик ба 2 ҳазор ҳолатҳои гирифторшавӣ ба хушунат ба қайд гирифта шудааст, ки бештари хушунатдидагон занҳо мебошанд. Аксари онҳо гирифтори хушунати равонӣ, ҷисмонӣ гардидаанд.

— Аҳли иштирокдорон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои бунёди оилаҳо ҳаргиз ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Баръакс, то метавонанд, ҳар лаҳзаи умри пурбаракоти худро сарфи илмомӯзӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *