Анҷоми сафари Президенти Эрон дар Тоҷикистон
Субҳи 17 январ сафари давлатии Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Эрон Масъуд Пизишкиёнро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ