Анҷумани СҲШ 4-уми июл баргузор мегардад
Анҷумани бисту сеюми Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) 4-уми июл дар шакли маҷозӣ дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нишаст нахустин бор таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор мешавад. Ба ин ҳамоиш ҳамаи кишварҳои узви СҲШ (Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон) даъват шудаанд. Кишварҳои Белорус ва Муғулистон ба ҳайси кишварҳои нозир ва Туркманистон ба ҳайси меҳмон иштирок хоҳанд кард.
“Дар ин ҳамоиш роҳбарони ду ниҳоди СҲШ — котибот ва сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, инчунин сарони шаш созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ: СММ, Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН), ИДМ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат хоҳанд кард”,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки мавзуи ин нишаст “Ба сӯи СҲШ-и амн” (Towards a SECURE SCO) аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ