Ҳанӯзам 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар «рӯйхати сиёҳ»-и Русия ҳастанд

Мақомоти Русия шаш ҳазор муҳоҷири тоҷикро дубора ба феҳристи сиёҳ ворид кардаанд. Инҳо аз ҷумлаи 108 ҳазор муҳоҷире буданд, ки аз 24-уми март то 25-уми апрели имсол мавриди “афв” қарор гирифтанд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, мақомоти Русия шарҳ надодаанд, ки чаро шаш ҳазор муҳоҷир аз рӯйхати ба истилоҳ “афвшудагон” берун гардиданд.

Ӯ гуфтааст, “Хадамоти муҳоҷирати Русия рӯйхати 108 ҳазорро ҳисоб кард, ки бар асоси бандҳои 4 ва 8-и моддаи 26-и қонун «Дар бораи тартиби воридшавӣ ва хориҷшавӣ аз ҳудуди Русия» ба рӯйхати афв афтоданд. Аз рӯи қоида инҳо гуфтанд, ки ҳамин миқдор ҳуқуқи дубора ворид ва кор кардан дар Русияро доранд. Аммо як қоидаи дигар ҳаст, ки инҳо рӯйхатро ба мақомоти амниятӣ пешниҳод мекунанд ва онҳо худашон рӯйхатро аз назар мегузаронанд. Онҳо рӯйхат ва исми ин нафаронро аз ғалбер гузаронданд. Аз 108 ҳазори пешниҳодшуда, роҳи шаш ҳазорро барои кор дар Русия боз накарданд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *