Анакша «Қуръон”-и асри 16 ро ба 45 миллион доллар нафурӯхт

Як сокини шаҳри Маскав китоби қадимаи «Қуръон”-ро ба 45 миллион доллар нафурӯхт, балки мехоҳад ин китобро ба масҷид тӯҳфа кунад. Анашка Ҳоҷимуродова мегӯяд, бо пул хушбахтиро харидан натавон, молу чизи дунё даргузар аст, вале «Қуръон” сарватест абадӣ.

Сокини шаҳри Маскав Анашка Ҳоҷимуродова як китоби қадимаи «Қуръон”-ро, ки ҳанӯз 500 сол пеш, дар асри 16 дар Сурия китобат шудааст, аз бобояш мерос гирифт. Вақте ин зан китобро ба музояда гузошт, маълум шуд, ки арзишаш миллионҳо доллар будааст.

Анашка Ҳоҷимуродова дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Лайф”и Русия гуфт: «Мо ду ташхис анҷом додем ва ҳарду тасдиқ карданд, ки ин китоби «Қуръон” моли ибтидои асри 16 аст. Дар он ҳатто як саҳифае ҳаст, ки дар он кай китоб шудани ин китоб гуфта мешавад. Дар Лондон барои ин китоби «Қуръон” ба ман ибтибо 12 миллион доллар пешниҳод карданд. Баъдан нархаш то ба 45 миллион боло хест.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *