Анъана, эътиқод ва суннатҳо. Соли нав дар ҷаҳон чӣ тавр таҷлил мешавад?
Дар Тоҷикистон Соли навро аз кай ва чӣ гуна ҷашн мегиранд? Шаби асосии сол дар кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна таҷлил мешавад? Одамоне, ки дар қитъаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, кадом анъанаҳоро риоя мекунанд? Зимистон дар кадом кишварҳо Соли нав намеояд? Мо далелҳои ҷолиберо ҷамъ овардем, ки дар зер пешкаши шумо мешаванд.
Соли нав дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон низ Соли навро ҷашн мегиранд, аммо на чун маросими динӣ. Солҳои охир ашхосе ҳастанд, ки аз нуктаи назари дин таҷлили Соли навро нораво медонанд. Вале ҷомеаи Тоҷикистон озод аст ва ҳар шахс мувофиқи майли худ амал мекунад.
Имрӯз мардуми тоҷик Соли навро ҳамчун рамзи имкониятҳо ва қадамҳои нав ба сӯи беҳбудӣ, муваффақият ва ояндаи хуб ҷашн мегиранд. Онҳое, ки Соли навро таҷлил мекунанд, бо омад-омади он омодагӣ мебинанд, хонаву корхона ва ҷойҳои тамошобоби шаҳру навоҳиро оро медиҳанд ва умед бар он мебанданд, ки соли дар пеш буда низ бо хурсандӣ гузарад.
Дар Тоҷикистон Соли навро шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ ҷашн мегиранд. Бисёриҳо мекӯшанд ин ҷашнро бо оилаву дӯстону наздикон дар якҷоягӣ, бо рақсу бозӣ пешвоз гиранд.
Олмон. Пеш аз он ки мо дар бораи анъанаҳои асосии Соли нав дар Олмон маълумот диҳем, бояд бо Силвестр шинос шавем.
Маҳз 31-уми декабр ба номи Попи Рум Силвестр I номгузорӣ шудааст. Тибқи ривоят, ӯ мори даҳшатноки Левиафанро нобуд карда, ҷаҳонро аз бадӣ наҷот додааст.
Бобои Барфӣ дар Олмон Вайнахтсман ном дорад. Ӯ дар як даст барои кӯдакони гапногир калтак барои ҷазо додан ва дар дасти дигараш барои кӯдакони боодоб халтаи туҳфаҳо дорад.
Италия. Дар шаби Соли нави Италия ҳеҷ кас хоб карда наметавонад, чун салютҳо тамоми шаҳрро равшан мекунанд. Ҳамчунин, мардуми ин кишвар то субҳ бозиҳои гуногун ва шодиву хурсандӣ мекунанд. Ба эътиқоди италявиҳо, касеро, ки шумо нахуст дар аввали сол дар кӯча вомехӯред, аҳамияти бузург дорад. Бадбахтии шумост, агар он коҳин ё кӯдак бошад, аммо агар мӯйсафеде дар роҳ ба шумо дучор ояд, то охири сол хушбахтӣ ва некӯаҳволӣ шуморо ҳамсафар мешавад.
Испания. Панҷ чизе, ки дар Соли нави Испания мардумаш анҷом медиҳанд: Якум, хӯрдани 12 ангур (дар ҳар як зарбаи курантҳои соат яктоӣ ангур мехӯранд). Дуюм, агар касе дар шаби Соли нав ба шумо шампон пешниҳод кунад, эҳтиёт шавед, чун метавонед тасодуфан ҳалқаи тиллоро, ки аз рӯи анъана ба шишаи дурахшон меафтад, фурӯ баред. Ба ақидаи онҳо тилло дар шишаи шампон бояд хушбахтӣ орад.
Сеюм, онҳо Соли навро бо либоси сурх пешвоз мегиранд. Мегӯянд, ки сурх бахт меорад ва қувваҳои бадро аз кас дур мекунад. Чорум, ҷавонони испанӣ дар Соли нав вақтхушиҳои худро доранд. Онҳо номҳои ҳамаи ҷавонон ва духтарони дар ҷашн ҳузурдошта, инчунин номҳои ҳамаи шиносонеро, ки ба ёд доранд, дар коғазҳо менависанд. Баъд аз қуръакашӣ ҳар кас ҷуфти худро меёбад. Албатта, коғазҳои ҷавонписарон ва духтарон омехта намешаванд. Панҷум, ҳамин ки соат нисфи шабро дар майдони шаҳр мезанад, шумо метавонед кифи зебои пур аз шириниҳоро гирифта дар майдони шаҳр ҳамдигарро табрик гӯед.
Ҳиндустон. Мардуми шимоли Ҳиндустон худро бо гулҳои сафед, гулобӣ, сурх ва арғувонӣ оро медиҳанд. Дар маркази Ҳиндустон биноҳо бо парчамҳои рангоранг, асосан норинҷӣ оро дода мешаванд. Дар ғарби Ҳиндустон чароғҳои хурдеро дар болои бомҳо фурӯзон мекунанд. Ҳиндуҳо қоидаи махсуси тақдим кардани туҳфаро доранд. Масалан, туҳфаҳоро барои кӯдакон дар табақчаи махсус гузошта, саҳар онҳоро бо чашмони баста ба назди табақча меоранд. Онҳо ба тарзи дигар тақдим кардани туҳфаро намеписанданд.
Австралия. Соли нав дар Австралия иди тобистона аст, зеро он дар нимкураи ҷанубӣ ҷойгир аст. Бинобар ин, дар он ҷо Бобои барфӣ ҳангоми ҷашн бо либоси шиноварӣ, кулоҳи сурхи пӯпакдор ва риши дарози сафед пайдо мешавад. Бо омадани Бобои барфӣ австралиягиҳо оташакбозӣ ва ҳар гуна бозиҳои дилхушкунанда баргузор мекунанд.
Санта Клаус на дар домани майдон, балки дар соҳил пайдо мешавад ва соли ояндаро аз уқёнусҳо меорад, на аз ҷангалҳо ва водиҳои барфпӯш.
Ҷопон. Дар хонаи ҷопониҳо барои пешвоз гирифтани соли нав се чизро мегузоранд: бамбук, ки рамзи зуд калон шудани кӯдакон аст, олу — рамзи ёрдамчиёни қавӣ ва санавбар — рамзи дарозумрӣ. Ҷопониҳо соли навро ҳангоми баромадани офтоб ҷашн мегиранд.
Чин. Соли нави Чин дар охири моҳи январ ё оғози феврал баргузор мешавад. Ҷашн 15 рӯз давом мекунад. Дар ин вақт одамон либоси сурх, ки рамзи хушбахтӣ аст, пӯшида, дар паради аждаҳо ва оташбозиҳо ширкат мекунанд. Дар вақти ҷашн низ чунин одат аст, ки конвертҳои сурх бо пул, ки «хунбао» номида мешавад, тақдим карда шаванд. Ба иқидаи онҳо ин хушбахтӣ ва ривоҷи молиявӣ меорад.
Амрико. Дар Иёлоти Муттаҳида Ню-Йорк маркази ҷашнгирии Соли Нав мебошад, ки дар он анъанаи чорабинии «Ball Drop» дар назди бинои “Таймс-сквер” баргузор мешавад. Дар соли 1895 дар назди кохи Сафед аввалин гирляндаи барқии дурахшон дар ҷаҳон овезон карда шуд, аз ин ҷо анъанаи навиштани «вазифаҳои солинавӣ» бо ваъдаҳо ва нақшаҳои соли оянда дар саросари ҷаҳон паҳн гардид. Вақте соат 12-и шабро нишон медиҳад, гулдастаи калон поён фаромада, мардум рақсу бозӣ ва оташбозиро оғоз мекунанд. Онҳо дар кӯчаҳо ҷамъ мешаванд ва Соли навро ба ҳамдигар табрик гуфта, орзуҳои нек мекунанд.
Шветсия. Дар арафаи Соли нав кӯдакони Шветсия интихоботи Люсия — маликаи нурро баргузор мекунанд. Духтари ба ин вазифа таъиншуда либоси сафед ва тоҷ мепӯшад, ки дар он шамъҳои фурӯзон насб шудаанд. Люсия ба ҳайвоноти хонагӣ хӯрок медиҳад ва ба кӯдакон туҳфа мекунад. Иди нур бо чароғҳои дурахшон дар кӯчаҳо ва хонаҳо гузаронида мешавад.
Русия. Таърихи ҷашни Соли нав дар шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ дар Русия танҳо дар охири асри XVII иваз шуд. Ин фармонро Пётри I дар соли 1699 имзо кард. Ғайр аз ин, император системаи солшумориро тағйир дод. Ҳамин тариқ, соли 7208 ба соли 1699 табдил ёфт. Дар Соли нав кӯдакон ва калонсолон ба Бобои барфӣ ва Барфак мактуб менависанд ва чун анъана арчаҳои солинавиро хабар мегиранд. Мақомот кӯчаҳои марказии шаҳрҳоро барои ид оро медиҳанд ва инчунин дар майдонҳо арчаҳои баланди солинавӣ насб мекунанд. Яке аз унсурҳои анъанавии дигар дар Соли нав зиёфати солинавӣ низ ҳисобида мешавад ва дар сари суфраи дастархон оилаҳо муроҷиати президентро тамошо мекунанд.
Хулоса, Соли нав ҷашнест, ки одамонро дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад.
Соли наватон муборак!
Таҳияи
Дило ДОРОБШОЕВА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ