Анатолий Лукянов даргузашт
Охирин раиси Шӯрои олии СССР Анатолий Лукянов дар шаҳри Москва дар натиҷаи бемории вазнин даргузашт. Дар ин бора духтари Лукянов — Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст.
Анатолий Лукянов 88 сол дошт. Ӯ соли 1930 дар Смоленск ба дунё омадааст. Соли 1943 корро дар корхонаи дифоӣ оғоз карда, соли 1953 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуд. Баъд аз хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолият дошта, соли 1961 дар дастгоҳи Шӯрои олии СССР корро оғоз кард.
Лукянов соли 1990, пас аз президенти СССР интихоб шудани Михаил Горбачев раисии Шӯрои олиро бар зимма гирифт. Ӯ соли 1991 дар ташкили ГКЧП иштирок дошт ва баъди он боздошт шуд.
Соли 1994 ӯро авф карданд. Лукянов пас аз озодии худ, солҳои 1994-2000 дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Русия кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ