“Андалеб -2018”: Ҳисор дар ҷои аввал

Дар  Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор даври дуюми Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018»  ботантана ҷамъбаст гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъбасти фестивал беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гардонида шуданд.Ба ғолибони фестивал аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ширкати муштараки «Транс-ТоҷикГаз Тайплайн Компани Лимитед» (ТТГП) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.Тибқи пешниҳоди аъзои ҳакамон, Шоҳҷоиза насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ду ҷойи дуюм насиби ноҳияҳои Тоҷикобод ва Файзобод, се ҷойи сеюм насиби шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд, Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон   гардид.Дар номинатсияҳои навозиши умумӣ, бадеҳа, суруди якка ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунармандони санъати шаҳри Ҳисор, суруди ҳамсароёни бисёровоза (аккапело), намоиши либосҳои миллӣ ва монолог дастаи ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, навозиши якка ва рақси якка ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва порча аз анъанаҳои мардумӣ- шаҳри Ваҳдат, хониши бадеӣ-  Файзобод, суруди анъанавии фалак- Ҳамадонӣ, суруди ўзбекӣ- Тоҷикобод, рақси хоразмӣ- шаҳри Роғун, рақси қирғизӣ- Лахш, саҳначаи ҳаҷвӣ- Ёвон, суруди анъанавии «Лалаик»- шаҳри Хоруғ ва шашмақомхонӣ- ноҳияи Шаҳринав ғолиб дониста шуда, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар Фестивали мазкур бо диплом сарфароз гардонида шуданд.Ҳамзамон дар маросими ҷамъбасти фестивал-озмун 15 нафар кормандони фаъоли муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанг, 6 нафар бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 20 нафар ҳунармандон бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *