Андозситонии раисони ноҳия барои «корҳои ободонӣ”

Дар чандин шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бо баҳонаи «корҳои ободонӣ” раисон аз мардуме, ки аз ҳисоби буҷа маош мегиранд, талаб доранд, ки маоши як ё дурӯзаи худро ба буҷаи шаҳр ё ноҳия бисупоранд. Бори ин «андози ободонӣ” асосан ба дӯши муаллимон, духтурон ва ҳамшираҳои шафқату санитарҳо меафтад, ки бо як маоши кам рӯзгори худро пеш мебаранд.

Як гуруҳи муаллимон аз ноҳияи Рашт ба сомонаи «Ахбор” шикоят карданд, ки раиси ин ноҳия Қаноатшо Лоиқзода талаб кардааст, то омӯзгорон, табибон ва тамоми кормандоне, ки аз давлат маош мегиранд, маоши дурӯзаи худро барои ободонии ноҳия супоранд.

Ин муаллимон дар номаи худ менависанд: «Дар ноҳия 1160 омӯзгор ва 250 корманди соҳаи тандурустӣ кор мекунанд. Ҳоло аз онҳо талаб доранд, ки 70 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда, ба фонди ободонии ноҳияи Рашт супоранд. Раиси ноҳия магар ҳуқуқ дорад, ки маоши бе он ҳам ночизи моро бидуни иҷозати мо бигирад? Дар кадом банди Кодекси меҳнат ин гуфта шудааст? Ба ҷои дастгирии омӯзгорон, ки бо як маоши хеле кам кор мекунанд, маҷбурӣ канда гирифтани 60-70 сомонӣ аз маоши онҳо аз рӯи инсоф набуда, як амали бевиҷдонист. Ва ин як бору ду бор нест, ки бо ҳар баҳона моро маҷбур мекунанд, ба буҷаи ноҳия пул супорем. Дар натиҷа, омӯзгорони бечора маҷбур мешаванд, то омадани маоши навбатӣ аз мағозаҳо қарз бигиранд, то камбудии рӯзгорашонро буд кунанд.”

Аз тарафи дигар, менависанд омӯзгорони Рашт, «кош, мо ҳамон ободиеро, ки пули моро барои он мегиранд, ба чашм медидем. Ба куҷо сарф мешавад пули ҷамъшуда, касе намедонад.”

Аёни ҳолат дар ноҳияи Фархор ҷой доштааст. Як табиб аз ин ноҳия ба сомонаи «Ахбор” гуфт, дар байни камтар аз ду ҳафта – аз 20 июн то 2 июл – аз беморхонаи ноҳия 4 маротиба ба маблағи 5 ҳазор, 7 ҳазор ва бори охир алакай 10 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ кардаанд.

Ҳамсӯҳбати «Ахбор” гуфт: «Ҳар дафъа баҳонаи пулҷамъкунӣ як хел аст – барои ободонӣ. Як бор гуфтанд, ки боғи маркази ноҳияро бозсозӣ мекунем, бори дигар гуфтанд, ки барои иваз кардани курсиҳои маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия пул ҷамъ кунед. Боз моро миннатдор ҳам мекунанд, ки дар ин курсиҳои нав худи шумо хоҳед нишаст. Фақат аз беморхона не, аз мактабҳо, аз омӯзишгоҳ ва дигар корхонаҳои давлатӣ ҳам пул ҷамъ карданд. Як бор фикр намекунанд, ки бисёри мардум ба маош рӯз мебарад ва ин маош он қадаре нест, ки ҳар рӯз як қисмашро барои ободонӣ гуфта кашида бигиранд. Духтурон шояд як бало карда, 70 сомонӣ «андози ободонӣ”-ашонро биёбанд, вале як санитаркаи бечора аз куҷо 15 сомонӣ ёфта, ба инҳо месупорад? Магар ин ки аз ҳаққи фарзандони худ биканаду ба инҳо диҳад.”

Омӯзгорону табибон ва дигар кормандони буҷавӣ ҳамин тавр, ҳар сол, маҷбуранд бо амри мақомоти маҳаллӣ ба нашрияҳои давлатӣ обуна шаванд.

Ҳамсӯҳбатони «Ахбор” мегӯянд, худи ин раванди ҷамъоварии «андози ободонӣ” низ ба як василаи дигари коррупсия табдил ёфтааст: «Раиси ноҳия, барои мисол, беморхонаро 5 ҳазор сомонӣ «андози ободонӣ” мефармояд. Кормандони ҳукумат бо иловаи ҳаққи худ ба сардухтур мефармоянд, ки 7 ҳазор ҷамъ кунад. Сардухтур бо иловаи ҳаққи ташвишҳои худ аз зердастонаш 10 ҳазор талаб мекунад. Кӯтаҳи гап, ҳамон усули кӯҳнаи бигир, бихӯр, бигард!”

Ҳоло барои гирифтани ҳатто иҷозати тӯй соҳиби маъракаро маҷбур мекунанд, ки ба чандсад сомонӣ ба ин нашрияҳое, ки ҳеҷ гоҳ то ба дасти ӯ намерасанд, обуна шуда, чандсад сомонии дигар барои «ободонии ноҳия” диҳад. Дар бархе ҷамоатҳо «андоз”-и кормандони танзим фақат барои додани иҷозатномаи маърака аз 800 сомонӣ сар шуда, аз тӯйдорҳои ба истилоҳ «тинҷтар” барои обунаву «ободонӣ” маблағи ба маротиб бештар талаб мекунанд.

Мирзои Салимпур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *