Андозсупорандаҳои беҳтарин муайн шуданд
Дар Тоҷикистон се ширкати беҳтарин дар соҳаи андозсупорӣ барои соли 2024 муайян ва бо диплом қадрдонӣ шуданд.
Ба иттилои Кумитаи андоз, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶДММ “Муосир”-и ноҳияи Данғара ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”-и шаҳри Душанбе беҳтарин андозсупорандагони сол эътироф шуданд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки онҳо “бо нишон додани фарҳанги нисбатан баланди андозсупорӣ ҳамчун андозсупорандаи беҳтарин дониста шуданд”. “…дар асоси нишондиҳандаҳо оид ба риояи қонунгузории андоз, аз ҷумла дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, сари вақт ва пурра таъмин намудани пардохти маблағи андоз, ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, нисбат ба соли қаблӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз, “Андозсупорандаи беҳтарини сол” интихоб карда мешавад”, — навиштааст нашрияи “Боҷу хироҷ”-и кумитаи андоз.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ