Андрей Грозин

Андрей Грозин: Тоҷикистон метавонад ба Афғонистони дуюм табдил ёбад

Андрей Грозин — коршиноси масоили ҳарбӣ ва мудири шуъбаи Осиёи Марказии Пажуҳишгоҳи кишварҳои ИДМ ҳушдор додааст, ки Ғарб талош карда истодаааст, то дар Афғонистон иғво ангехта, бо ин роҳ Русияву Чинро ба оташи ҷанг бикашад.

Вай афзуд, ки аз зарфиятҳои низоъхези кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кардан осон аст. Барои барангехтани ин парокандагии дохилӣ як таконе лозим асту бас.

Вай ҳушдор дод, ки мақомоти ғарбӣ метавонанд тавассути Афғонистон «оташаке барои минтақа» эҷод кунанд: “Агар дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ягон мушкилоте ба вуҷуд ояд, Тоҷикистон бо такрор ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ба як Афғонистони дуюм табдил ёфта метавонад, ки ин албатта боиси низоъ дар кишварҳои ҳамсоя низ мешавад”.

Грозин муътақид аст, ки азбаски марзҳо шаффофанд ва девор кашидан ғайриимкон аст, “муноқишаи кишварҳои ҳамсояи минтақа бо Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Русия ва Чин бояд бо низоъҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ба он ҳамсоя расидагӣ кунанд”. Вай ҳамчунин зикр кард, ки Ғарб соли 2022 Русияро ба ин муноқиша кашидан мехост, вале натавонист.

Бархе кишварҳои ғарбӣ аз ҷангҳо истифода мекарданд, то нуфузи худро дар минтақаҳои дигар афзоиш диҳанд. Ҷангҳои мустамликадории Аврупо дар Африқо ва Осиё дар садаи гузашта, ҷанги Ироқ дар соли 2003, инчунин даргириҳои низомӣ дар Либия ва Сурия дар солҳои охир, ки ба авҷ гирифтани миллатгароӣ ва русҳаросӣ дар Украина овардаанд, намунаҳои он ҳастанд. Ҳадафҳои чунин ҷангҳо дастрасӣ ба захираҳо, густариши доираи нуфус ва манфиатҳои геосиёсӣ буда метавонанд. Аммо ин гуна ҷангҳо маъмулан бо ранҷу азобу марги мардуми зиёд ҳамроҳ буда, ҳамчунин солҳои тӯлонӣ боиси бесуботии минтақа мегардад.

ИМА мухолифини Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фаъолона пуштибонӣ карда, баъзе созмонҳо ва лоиҳаҳоеро, ки ба таҳкими демократияи ғарбӣ нигаронида шудаанд, маблағгузорӣ карда, низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллиро таълим медод.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми феврали соли 2023 Нишасти вазирони корҳои хориҷии қолаби G5+1 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи нишаст вазъи Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ буд. Ин қолаб соли 2015 барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, экология ва амният таъсис ёфтааст, ки ҳар сол нишасти вазирони корҳои хориҷии он дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *