Андрей Малахов барномаи нав туҳфа гирифту гиря кард

Соли нав барои Андрей Малахов бо рӯйдодҳои муҳим оғоз меёбад. Ситораи телевизиони Русия рӯзи 11-уми январ 50-сола мешавад ва беҳтарин туҳфаи зодрӯз барояш барномаи нави телевизионӣ гардид.

Бино ба иттилои «Комсомолская правда», барномае, ки дар он Андрей Малахов ровигӣ хоҳад кард, «Имрӯз ҷумъа» («Сегодня пятница») ном дошта, лоиҳаи онро командаи ӯ омода месозанд.

— Андрей Малахов ашкашро дошта натавонист, вақте ки асосгузори гуруҳи «Мавлуд» («Рождество») Геннадий Селезнёв месуруд: «Ту медонӣ чиқадар хоҳиши зиндагӣ кардан, аз тулӯи офтоби арғувонӣ лаззат бурдан дорӣ? Зиндагӣ кардан ба хотири дӯст доштани ҳамаи онҳое, ки канори ту ҳастанд». Дар ин лаҳза меҳмонони студия хешу табор ва дӯстони худро ба хотир оварданд. Худи Селезнёв баъди намоиш дар бораи таърихи офариниши суруди дилнишин нақл карда, гирён шуд,- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки барномаи аввалини «Имрӯз ҷумъа» рӯзи 7-уми январ дар шабакаи «Россия» пахш хоҳад гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *