Андрей Патрушев –роҳбари нави “Россотрудничество” дар Тоҷикистон
Андрей Патрушев аз 1 июни соли равон роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Иван Ивановро иваз кард.
Дар ин бора аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд.
Андрей Патрушев 43 сол дошта, дар шаҳри Екатеринбург таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елтсин ва Донишгоҳи давлатии техникии Уралро хатм кардааст. Номбурда дар вазифаҳои раҳбарӣ ва таълими байналмилалӣ дар Донишгоҳи федерали Урал ба номи Б.Н. Елтсин (ш.Екатуринбург) ва Донишгоҳи давлатии Тюмен фаъолият доштааст.
Андрей Патрушев донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки кори роҳбари пешини намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов моҳи феврали соли равон ба анҷом расид. Ӯ аз соли 2020 ин вазифаро ба зимма дошт. Иван Иванов зимни хайрухуш бо Тоҷикистон дар телеграм-канали худ чунин навишта буд:
“Хушбахтам, ки дар таҳкими ҳамкории кишварҳоямон саҳм гузоштам. Ин солҳо пур аз рӯйдоду воқеаҳои ҷолибу рангин буданд. Тоҷикистон ба ман шиносоӣ бо фарҳангу табиати ғанӣ ва нотакрор ва аз ҳама муҳимаш — одамони наҷибу боистеъдодро ҳадя кард. Дӯстии халқҳоямон поянда бод!”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ