Андуҳи Рустами Эмомалӣ дар робита ба марги Президенти Эрон ва ҳамроҳони ӯ

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар робита ба марги Саидиброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар барқияи Рустами Эмомалӣ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “хабари суқути чархбол ва даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ҳамроҳони онҳо ва ҳайати сарнишинон боиси андуҳи амиқи мо гардид”.

“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, — зикр мегардад дар барқияи Рустами Эмомалӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *