Ҷангалҳои Сибир сӯхта истодааст!
Инак тӯли чанд рӯз аст, ки аз бӯйи ғализи дуди дарунсӯзи ҷангалҳои Вилоятҳои ҷангалии Уралу Сибир сокинони ин ду води калони Русия аз дарди сахти сар азоб мекашанд.
Дар иҳотаи дуди ғализ дар як муддати кӯтоҳ алакай чанд навоҳии гирду атрофии Сибиру Урал, ҳатто наздикиҳои пойтахти Русия алакай фаро гирифта шуда, мардуми он ба дарди сару дилбеҳазурӣ гирифтор шудаанд. Ба иттилои «Руссия-24» инак чанд рӯз аст, ки ҷангалҳои Сибир худ аз худ месӯзанд ва то бохабар шудани ҷангалбонҳою сӯхторхомӯшкунандагон алакай қисмати зиёди дарахтҳои он дарунсӯз шуда, меафтанд. ҳатто сӯхторхомӯхкунандагон дар пешгирии дарунсӯзии ҷангалҳои Сибиру Урал оҷиз мондаанд. Дар баробари ин 15 ҳазор гектар тундраҳо дар Ямал сӯхта нобуд шуда, дар Иркутск низ қисми зиёди ҷангалҳо аз дарунсӯзӣ нобуд шудааст. Дар Краснаярск низ аҳвол чунин аст. Танҳо дар Сверловск, Челябенск, Тюмен, Курганску Томск сӯхтани ҷангалҳо пешгирӣ шудаасту халос. Дар Бошкирдистону Прикаме ва Бурятия одамон аз дуди ғализ нафасгир шуда астодаанду бемористонҳо пур аз касалиҳои дилу фишорбаландӣ шудааст.
Ҳатто дар Москва низ сокинон аз дуди ғализ ва нафасгир шудан аз нарасидани оксиген шикоят карда истодаанд. Мутахасисони соҳаи обу ҳавосанҷӣ алакай мардуми Маскавро огоҳ кардаанд, ки ҳафтаи меомада барояшон бисёр душвор хоҳад буд, зеро гармии ҳаво аз 27 дараҷа ҳам баланд шуда, эҳтимоли сӯхтани қисмати дигари ҷангалҳои гирду атрофии пойтахт дар назар аст. Бинобар ҳамин ҳам нафасгирӣ барои сокинони Маква душвор хоҳад буд. Эшонро лозим аст, ки камтар аз хонаҳои хеш ба берун бароянд ва ба одамони дилкасалу фишорбаланд тавсия додаанд, ки дар ин муддат ба деҳот рафта, аз ҳавои тоза нафас гиранд.
Алакай субҳгоҳон дар кучаҳои канори маскав бӯйи дуди ҳезуми тар сӯхта ба димоғ мерасад, ки боиси нороҳатии инсон мегардад.
Ҳавошиносон хавф аз он доранд, ки ҷангалсӯзӣ дар Екатиринбург низ доман паҳн мекунад, зеро алакай дар ҳавои Екатиринбург нафасгирӣ муташаниҷ гардида, ҳаво вазнин ва нафасгиркунанда гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ