“Ҷанги ҳавоӣ” бо Русия ба авҷи худ расид

Масъулони «Сомон Эйр» мегӯянд, бино ба барқияи «Росавиатсия», аз соати дувоздаҳи шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатти сайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Қазон-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ мешавад.Инчунин, ба гуфтаи онҳо, муҳлати иҷозатномаи парвоз дар хатти сайри Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд низ ин моҳ ба охир хоҳад расид.

Дар барқияи «Росавиатсия” гуфта шудааст, ки манъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ва «Тоҷик Эйр» бо қарори Вазорати нақлиёти Русия сурат мегирад. Ин ширкат гуфтааст, масъала ба тасдиқ нашудани дархости «Уралские авиалинии» дар мавриди иҷрои парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рабт дорад.

Хатсайрҳои Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб бетағйир мондааст.

Ширкати «Сомон Эйр» барои пеш омадани ин мушкил аз мусофирон узр хоста, гуфтааст, пули билети онҳоро бармегардонад.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии «Уралские авиалинии» иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор мекунад. Ҷониби Русия дар такя ба созиши қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонад ва аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

«Уралские авиалинии» рӯзи 27-уми март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода буд. Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳӣ 30 дарсади парвози ҳавопаймоҳояшро кам кард.

Қаблан мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли мушкил ҷониби Тоҷикистонро рӯзи 22 ва 23-юми март ба музокирот хонда буд. Аммо мақомоти тоҷик ба Маскав нарафтанд. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад.Ва инак, чуни н ҳам шуд…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *