Ангина марговар аст, агар…

Инфексияҳои роҳи нафас, ки аз вируси зуком (грипп) ба вуҷуд меоянд, дар қатори 3 бемории бештар сабаби марги одамон мешуда ҷой гирифтаанд. Зукоми дуруст табобатнашуда ба бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ оварда мерасонад. Мутаассифона, кам касон ба ин эътибор дода, ба духтури ЛОР (отоларинголог) муроҷиат мекунанд. Беэътиноӣ дар ин гуна ҳолатҳо оқибати ногувор дорад.

Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва ҳангоми ба ангина гирифтор шудан варам мекунанд. Ангинаро микробҳои гуногун, асосан стрептококҳо ба вуҷуд меоранд. Шароити номусоид, масалан, хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит микробҳоро фаъол мегардонад ва муҷиби беморӣ мегардад.

Истеъмоли яхмос, тар кардани пой ё оббозӣ, дарҳол шахсеро ба ангина гирифтор месозад. Ҳамзамон, дуду чанг, мавҷудияти аденоидҳо ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ, гайморит, дандонҳои пӯсида ҳам боиси хурӯҷи ин касалӣ гашта метавонад.

Нишонаҳои беморӣ

Ангина одатан ногаҳон сар мешавад. Гулӯ танг ва хушк шуда месӯзад, ҳангоми фурӯ бурдани луқма дард мекунад. Шахси бемор аз бемадорӣ, вазнин шудани сар ва таб шикоят мекунад. Бодомакҳо сурх шуда, дар пардаи луобиашон доначаҳои римнок, яъне зардобдор ба вуҷуд меоянд. Ангина ҳамагӣ 7–8 рӯз давом мекунад, агар бемор сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобати лозимаро бигирад.

Ангинаи табобатнашуда метавонад боиси ревматизм, бемориҳои дилу гурдаҳо гардад. Ба духтур дер муроҷиат кардан ё бо худмуолиҷа машғул шудан, оқибатҳои аз ин ҳам нохуштар дошта метавонад.

Ангина марговар аст?

Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анҷоми бади ангина аст. Одатан он баъди 2–3 рӯзи нест шудани аломатҳои ангина пайдо шуда, таби бемор якбора баланд (39–40 С) мегардад. Гулӯ сахт дард мекунад ва бемор обу хӯрок хӯрда наметавонад. Дар натиҷаи газаки гиреҳҳои лимфавӣ гардан варам мекунаду римхонаи назди бодомак васеъ, гулӯ танг мешавад ва  нафаскашӣ қатъ мегардад.

Ангинаро бо доруҳои аз ҷониби духтур тавсияшуда ҳатман бояд табобат кард. Худсарона дору хӯрдану сӯзандору гузаронидан мумкин нест.

Ангина сироятпазир аст?

Ангина касалии сироятист. Барангезандаҳои ангина гурӯҳи микробҳои фасодзо, аз ҷумла стрептококкҳо ва стафилакокҳоянд. Ин микробҳо тавассути ғизо, қатраҳои оби даҳони бемор, зарфи нимшуста ва маҳсулоти аз стафилококк сироятшуда ба ҷисми инсон ворид мегарданд.

Табобати ангина

Ҳангоми авҷ гирифтани ангина лимӯчой, компотҳои гарм, набиз (оби ғӯлингу мавиз) кумак мерасонад. Гарм ва зуд-зуд нӯшидани нӯшокиҳо боиси аз ҷисм берун рафтани заҳрҳо мегардад. Ғизоҳои ширӣ ва сабзавотии аз витаминҳои С ва В бойро бештар бояд истеъмол кард. Аз ғизоҳои тез, ҷӯш ва хунук худдорӣ намудан лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *