Ангина одамро мекушад?

Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва ҳангоми ба ин касалӣ гирифтор шудан варам мекунанд.

 Ангинаро микробҳои гуногун, асосан стрептококкҳо ба вуҷуд меоранд. Шароити номусоид, масалан, хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит микробҳоро фаъол мегардонад ва муҷиби хурӯҷ намудани беморӣ мешавад. Баъзе одамон яхмос хӯранд, пояшонро тар ё оббозӣ кунанд, дарҳол ба ангина гирифтор мешаванд.

Дуду чанг, мавҷудияти аденоидҳо ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ, гайморит, дандонҳои пӯсида ҳам боиси хурӯҷи ин касалӣ гашта метавонад.

Аломатҳои беморӣ

Ангина одатан ногаҳон сар мешавад. Гулӯ танг ва хушк шуда месӯзад, ҳангоми фурӯ бурдани луқма дард мекунад. Одам бемадор мешавад. Сар вазнин ва таб пайдо мешавад. Бодомакҳо сурх шуда, дар пардаи луобиашон доначаҳои римнок, яъне зардобдор ба вуҷуд меоянд.

Ангина ҳамагӣ 7–8 рӯз давом мекунад, агар бемор сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобати лозимаро бигирад.

Ба табиб муроҷиат кунед

Ангинаи табобатнашуда метавонад боиси ревматизм, бемориҳои дилу гурдаҳо гардад. Ба духтур дер муроҷиат кардан ё бо худтабобаткунӣ машғул шудан, сабаби он мегардад, ки ангина оқибатҳои аз ин ҳам нохуштар ба бор меорад.

Ангина сабабгори марг мешавад?

Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анҷоми бади ангина аст. Одатан он баъди 2–3 рӯзи нест шудани аломатҳои ангина пайдо шуда, таби бемор якбора баланд (39–40 С ) мегардад. Гулӯ сахт дард мекунад ва бемор обу хӯрок хӯрда наметавонад. Дар натиҷаи газаки гиреҳҳои лимфавӣ гардан варам мекунаду римхонаи назди бодомак васеъ, гулӯ танг мешавад ва нафаскашӣ қатъ мегардад.

Ангинаро бо доруҳои аз ҷониби духтур тавсияшуда табобат бояд кард. Худсарона дору хӯрдану сӯзандору гузаронидан мумкин нест.

Ангина сироятпазир аст?

Ангина бемории сироятист. Барангезандаҳои ангина гурӯҳи микробҳои фасодзо, аз ҷумла, стрептококкҳо ва стафилакокҳоянд. Ин микробҳо тавассути ғизо, қатраҳои оби даҳони бемор, зарфи нимшуста ва маҳсулоти аз стафилококк сироятшуда ба ҷисми инсон ворид мегарданд.

Табобат дар хона

Ҳангоми авҷ гирифтани ангина чой бо лимӯ, компотҳои гарм, набиз (оби ғулингу мавиз) кумак мерасонад. Гарм ва зуд-зуд нӯшидани нӯшокиҳо боиси аз ҷисм берун рафтани заҳрҳо мегардад. Ғизоҳои ширӣ ва сабзавотии аз витаминҳои С ва В бойро бештар бояд истеъмол кард. Аз ғизоҳои тез, ҷӯш ва хунук худдорӣ намудан лозим аст.

Таҳияи

Н.РАҶАБОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *