Ангина ва оқибатҳои он
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ инфексияҳои роҳи нафас, ки аз вируси зуком (грипп) ба вуҷуд меоянд, дар қатори 3 бемории бештар сабаби марги одамон мешуда ҷой гирифтаанд.
Зукоми дуруст табобатнашуда ба бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ оварда мерасонад. Мутаассифона, кам касон ба ин беморӣ эътибор дода, ба духтури ЛОР (отоларинголог) муроҷиат мекунанд. Беэътиноӣ дар ин гуна ҳолатҳо оқибати ногувор дорад.
Бодомакҳо дар гулӯ аз ду тарафи забонча ва коми нарм ҷой гирифтаанд ва ҳангоми ба ин касалӣ гирифтор шудан варам мекунанд. Ангинаро микробҳои гуногун, асосан стрептококҳо ба вуҷуд меоранд. Шароити номусоид, масалан, хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит микробҳоро фаъол мегардонад ва муҷиби хурӯҷ намудани беморӣ мешавад.
Баъзе одамон яхмос хӯранд, пояшонро тар ё оббозӣ кунанд, дарҳол ба ангина гирифтор мешаванд. Дуду чанг, мавҷудияти аденоидҳо ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ, гайморит, дандонҳои пӯсида ҳам боиси хурӯҷи ин касалӣ гашта метавонад.
Ангина одатан ногаҳон сар мешавад. Гулӯ танг ва хушк шуда, месӯзад, ҳангоми фурӯ бурдани луқма дард мекунад. Одам бемадор мешавад. Сар вазнин ва таб пайдо мешавад. Бодомакҳо сурх шуда, дар пардаи луобиашон доначаҳои римнок, яъне зардобдор ба вуҷуд меоянд. Ангина ҳамагӣ 7-8 рӯз давом мекунад, агар бемор сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобати лозимаро бигирад. Ангинаи табобатнашуда метавонад боиси ревматизм, бемориҳои дилу гурдаҳо гардад.
Ба духтур дер муроҷиат кардан ё бо худтабобаткунӣ машғул шудан сабаби он мегардад, ки ангина оқибатҳои аз ин ҳам нохуштар ба бор меорад. Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аломати анҷоми бади ангина аст. Одатан он баъди 2-3 рӯзи нест шудани аломатҳои ангина пайдо шуда, таби бемор якбора баланд (39-40 С) мегардад. Гулӯ сахт дард мекунад ва бемор обу хӯрок хӯрда наметавонад. Дар натиҷаи газаки гиреҳҳои лимфавӣ гардан варам мекунаду римхонаи назди бодомак васеъ, гулӯ танг мешавад ва нафаскашӣ қатъ мегардад. Ангинаро бо доруҳои аз ҷониби духтур тавсияшуда табобат бояд кард. Худсарона дору хӯрдану сӯзандору гузаронидан мумкин нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ