Ангур — давои бемории ҷигар
Дар таркиби ангур қанд, туршӣ, витаминҳои А, С, В, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуд аст.
Афшураи ангур мубодилаи моддаҳоро дар организм беҳтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакҳо тақвият мебахшад. 1 литр афшураи ангур ба организми одам аз 700 то 1000 калория гармӣ медиҳад.
Табибони халқӣ шираи ғӯраи ангур, инчунин навъҳои турши онро чун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим ба кор мебаранд. Ангури пухта, бахусус ангури сиёҳ, ҳангоми камхунӣ ва чун воситаи тақвиятбахш барои беморони заифу бемадор тавсия дода мешавад.
Аз ғӯраи ангур сирко тайёр мекунанд, ки давои хуби иштиҳоовар аст. Барг ва навдаҳои токро ҳангоми муолиҷаи ғалаёни хун ва диабети қанд тавсия медиҳанд.
Тарзи таҳияи он: 4 чумча (40 — 50 грамм) барги хушки токро дар 0,5 литр оби ҷӯш чой карда, баъд дар оташи паст 10 — 15 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас онро полида, рӯзе 3 — 4 маротиба пеш аз хӯрок 0,5 истакон менӯшанд. Дар тиби муосир ангур барои муолиҷаи касалиҳои сил, иллати дил, ҷигар, меъда, шуш, асаб ва ғайра истифода мешавад.
Илми тиб муқаррар кардааст, ки ҳар кас бояд рӯзе 300 — 500 грамм ангур истеъмол намояд. Шарбати ангур хунро тоза мекунад, мубодилаи моддаҳоро вусъат мебахшад, тарашшӯҳи шираи меъдаро меафзояд. Ангур ҳангоми муолиҷаи рахит, бавосир, назлаи меъда ва рӯда, исҳоли кӯҳна ва омоси ҷигар низ муфид аст. Истеъмоли ангури ширин барои одамони гирифтори касалии қанд, исҳоли хунини шадид, фишори хун ҷоиз нест. Истеъмоли ангур бо шир, бодиринг, харбуза, оби маъданӣ, моҳӣ боиси ихтилоли кори меъда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ