Ғани оташбас эълон мекунад, Толибон чӣ?

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон  ҳозир аст то рӯзи 19-уми ноябр, ки зодрӯзи паёмбари ислом аст, дар ҷангҳо бо Толибон оташбас, барқарор шавад.

Амрико аз ин тасмим истиқол кардааст. Оташбас ба ин шарт эълон шудааст, ки Толибон низ онро бипазиранд.Ғанӣ рӯзи якшанбеи 19-уми август дар суханронӣ ба муносибати 99-уми солгарди истиқлоли Афғонистон гуфт, ки Толибон низ бояд оташбас кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, «сар аз фардо, душанбе, ки рӯзи Арафа аст, то рӯзи милоди набӣ ба шарти ин, ки Толибон низ дар ин аёми хуҷаста оташбасро эълом ва риоят намоянд ё то ҳар муддате, ки Толибон ба он пойбанд бошанд, оташбасро эълом мекунам.» Ғанӣ гуфт,ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои исломӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва афғонҳо аз оташбаси гузашта дар ҷараёни иди саиди Фитр бо гармӣ истиқбол карданд ва ба ҳамин хотир, бори дигар оташбас мекунад. Ашраф Ғанӣ дар остонаи Иди Фитр оташбас эълон кард ва Толибон низ барои се рӯз аз набард даст кашида буданд. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико шаби гузашта дар эъломия гуфт, «оташбаси гузашта нишондиҳандаи майли афғонҳо ба сулҳ буд ва умедвор аст ин бор оташбас, Афғонистонро ба самти субот ва амният бибарад.»Дар эъломия омадааст, ки Амрико ва дӯстонаш аз ин ибтикор ҳимоят мекунанд ва аз Толибон мехоҳанд дар ин иқдом шарик шаванд. Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфтааст, кишвараш омодааст, то шароитро барои музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон фароҳам кунад, аз он ҳимоят намояд ва дар он саҳм бигирад.Дабири кулли НАТО низ дар сафҳаи «Твиттер»-и худ аз эъломи оташбаси ҳукумати Афғонистон истиқол намуда ва навиштааст, ки аз Толибон мехоҳад ин оташбасро эҳтиром кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *