Аниса ва Мадина Ашӯралиро дар маҳаллаи 91-ум ёфтанд
Аниса ва Мадина Ашӯралӣ – ду апаву хоҳар аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо баъди 4 рӯзи гум шуданашон аз маҳаллаи 91-уми пойтахт пайдо кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки онҳоро соати 11 сиҳату саломат аз кӯча пайдо кардаанд ва ҳоло муайян мекунанд, ки ин 4 рӯз куҷо буданд?
Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе хабар доданд, ки Аниса ва Мадина Ашӯралиро соати ёздаҳи рӯзи 16 сентябр аз маҳаллаи 91-уми пойтахт пайдо кардаанд. Ин апаву хоҳар рӯзи 12 сентябр дар роҳ ба сӯи мактаб ғайб зада буданд.
Як корманди шӯъбаи корҳои дохилии Сино гуфт, Аниса ва Мадинаро аз кӯча ва сиҳату саломат пайдо кардаанд ва ҳоло бояд муайян кунанд, ки онҳо ин 4 рӯз куҷо буданд?
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ бо нашри як хабари кӯтоҳ ёфт шудани Мадина ва Анисаро тасдиқ кард: «Аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон Анисаи Ашӯралӣ, соли таваллудаш 2001 ва Мадинаи Ашӯралӣ, соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Душанбе, ки ба оворагардӣ машғул буданд, дарёфт гардида ба падару модарашон баргардонида шуданд.»
Падару модари Мадина ва Аниса як рӯз пеш хабар дода буданд, ки рӯзи 12 сентябр пули китобҳои Мадинаи 13-соларо ёфта дода натавонистаанд ва ӯву хоҳари 16-солааш аз хона баромада, дар роҳ ба сӯи мактаб ғайб задаанд.
Хосият Мӯҳтоҷова, модари духтарони гумшуда гуфт, духтаронаш рӯзи 12 сентябр соати тақрибан 12 аз хона берун шудаанд ва бо ҳамин дигар дараке аз онҳо нест. Ба гуфтаи волидон, Мадина дар мактаби рақами 36 дар синфи ҳафтум мехонд ва хоҳари калониаш баъди хатми синфи нӯҳум таҳсилашро дар мактаб давом надод.
Хосият Мӯҳтоҷова мегӯяд, рӯзи сешанбе Мадина пеш аз ба дарс рафтан аз онҳо хостааст, ки пули китобҳояшро бидиҳанд. Вале азбаски волидон пул надоштанд, аз Мадина хостаанд, то каме тоқат кунад ва ҳар вақте пул шуд, бурда, ба мактаб пули китобҳояшро месупорад.
Аниса, хоҳари калонии Мадина гуфтааст, ки ӯро то мактаб ҳамроҳӣ мекунад ва ба муаллимааш мефаҳмонад, ки пули китобҳоро 2-3 рӯз пас меоранд.
Хосият Мӯҳтоҷова ва Сафар Ашӯров, падари духтарони гумшуда ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд, то дар ёфтани онҳо кумак кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ