Анти КОВИД кай вориди бозор мешавад?

-Дар Русия шуруъ аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, — изҳор дошт, муовини Сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

«Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксина дақиқ шавад, аллакай шур=ъ аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хур=ҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем», — тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриодии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии «Авифавир» аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои «Химрар» таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, «Авифавир» нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Ҳамчунин, Ҳукумати Хитой эълон кард, ки охири соли равон доруҳои табобати коронавирусро охири соли равон вориди бозори ҷаҳонӣ мекунад. Бо вуҷуди расидани чунин хабарҳои хуш, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавҷудияти доруи асосии зидди короновирус ё ваксинаро рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *