«Антисанитария» дар беморхонаи Ҳисор

Чанд лаҳза пеш зани ҳомиладоре аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, бо хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» дар тамос шуда, аз ҳоли табоҳи беморхона ва тарзи хизматрасонии табибони дармонгоҳи мазкур шикоят намуд.

Ин зани ҳомила, ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштааст, дар шуъбаи аворизҳои ҳомиладорӣ хоб аст ва мегӯяд ӯро бо сабаби фишори баланд доштанаш бистарӣ намудаанд, вале баъди ба беморхона хобиданаш аҳволаш бадтар шудаасту беҳтар не. Бо сабаби набудани ҷойи хоб беморон дар рӯйи курсии нишаст ва рӯйи фарш хоб мерафтаанд. «Модоме беморхона шароити нигоҳубини беморонро надорад, ҳамин доруву уколро дар хонаамон ҳам гирифта метавонистем. Охир моро бепул табобат намекунанд ку»- мегӯяд арзкунанда.

Дар як палата 4 кат гузошта шудааст, вале 6 беморро чой карда, 2 нафарашро дар рӯйи фарш ҷой густурдаанд. Лавозимоти тиббии табибон бошад дар рӯйи фаршҳо қарор дорад.
Вакте ин зани хомила аз бад будани шароити нигохубини беморхона ба маъмурият шикоят кардааст, онхо ба хомиладор ва бемор буданаш нигох накарда, бо дагаливу дурушти гуфтаанд, ки авал забонхат навишта бад ба кучое ки мехохад рафтан гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *