Анушаро барои сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима карданд
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Генезис», рақами давлатиаш 2222CF01, Ануша Ҳайдарова, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанберо дастгир карданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда хилофи талаботи қонун амал карда, бо ин амали худ шишаи пеши мошинашро пурра сиёҳ карда, қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон кардааст.
Тибқи талаботи қонун нисбати Ҳайдарова 150 нишондиҳандаи ҳисоби яъне 10800 сомонӣ ҷарима пешбини мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ