Анваров барои дуздии маблағи “Истиқлол” 18 сол гирифт

Суди шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ё УКС-ро бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи «Истиқлол» ва пешниҳоди ришва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. 

Суд Анварови 65-соларо, инчунин, ба пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн муваззаф намудааст.

Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд. Онҳо, дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 18 миллион сомонӣ (муодили ду миллион доллар) пули буҷа ва пешниҳоди 448 ҳазор доллар ришва айбдор гардиданд.Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси суди шаҳри Душанбе гуфтааст,ки  дар доираи ин парванда Фазлиддин Маҳмудов, мудири “Тоҷикколхозсохтмон” низ ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 миллион сомонӣ маҳкум шудааст. Фирӯз Раҳмонов, муовини ӯро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Инчунин, Олим Саидов, мудири «ПМК 187» — 11 ҳазору 500 сомонӣ;Олимхӯҷа Маҷидов, сардори Шӯъбаи техникии «ПМК 187» — 80 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати 3 сол;Тоҳирҷон Тағаев, мудири “Сохтмон — Строй” — 408 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати се сол.Қосим Фатҳулозода, масъули ҶММ “Саманд 2010” – 460 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 сол;Тоҳирҷон Мирзоҷанов, директори “Хонасоз 4” — 400 ҳазор сомонӣ ва 4 соли маҳрумият аз соҳибкорӣ маҳкум шуданд.Суди шаҳри Душанбе дар оғози моҳи марти имсол ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари собиқи муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Душанбе ва 6 тан аз ҳамроҳони ӯ аз ширкатҳои дигари сохтмонии пойтахт оғоз карда буд.Боздошти ин афрод аз тарафи Агентии мубориза бо фасод моҳи октябри соли 2015 сурат гирифтааст. Шубҳаи тафтишот ба инки ба ҳангоми сарфи маблағҳои буҷа масъулин ба изофанависӣ роҳ доданд, боиси боз шудани парванда шуд ва баъдан, замоне ки гумонбарон мехостанд бо додани пора аз ҷавобгарӣ фирор кунанд, боздошт шуданд. Баъди боздошти ин гурӯҳ, моҳи марти соли 2016 «Маҷмаи тандурустӣ» ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 4 марти соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард ва бо пешниҳоди ӯ, исмаш Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» шуд. Он замон гуфта шуд, ки ин бемористон дорои 650 кат буда, бо арзиши умумии 706 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *