Анҷоми 50%-и корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун»

То имрӯз беш аз 50% корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» гуфт, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дорад.

«Дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Номбурда таъкид кард, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин маҷлис аъзои Шурои нозирон, котиботи шурои нозирон, роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирӣ, саҳмдорон ва роҳбарияти Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун»-ро Қоҳир Расулзода бар зимма дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image