Арӯси 13 сола пас аз шаби аввали арӯсияш фавтид

Пас аз шаби аввали арӯсӣ, хешовандон духтари урёнро дар ҳолати беҳушӣ ёфтанд. Кӯдаки маъсум болои фарши хона атода буду атрофашро хун лолагун карда буд.

Ҳолатҳое рух медиҳанд, ки инсон дар ҳайрат мемонад.  Гоҳо мо аз одаму одамгарӣ гуфта, баъзе корҳоеро анҷом медиҳем, ки ҳатто ҳайвонҳо ба он қодир нестанд.

Дар мамолики араб то ба имрӯз расму оинҳое мавҷуданд, ки аз дақёнус то имрӯз расида.  Пӯшида нест, ки духтарони наврас дар кишварҳои араб бо мардони баркамол издивоҷ мекунанд. Ва аксари ин издивоҷҳо ба нокомиҳо оварда мерасонад.

Айни ҳол дар мавриди як яманидухтари 13-сола бо номи Асҳ Илҳом ал Маҳдӣ, мегӯем, ки  тӯйи барвақтии ӯ бо калонсоле ба фоҷиа анҷом ёфт. Пас аз шаби аввали арӯсӣ, хешовандон духтари урёнро дар ҳолати беҳушӣ ёфтанд. Кӯдаки маъсум болои фарши хона атода буду атрофашро хун лолагун карда буд.

Маълум шуд, ки кӯдак барои он ки аз шавҳари калонсоли худ халос шавад  узвҳои таносулро шикофтааст. Ва шавҳари навхона бунёд карда, ки шаби гузашта навраси ноболиғро маҷбур сохт, ки бо ӯ муносибати маҳрамона кунад, паи анҷоми корҳои тиҷоратияш ба ҷое рафт буд. Хешовандон ин ҳолати духтарчаро дида ӯро фавран ба беморхона бурданд.

Чаҳор рӯз табибон барои ҷони ӯ мубориза бурданд, тамоми чораҳои заруриро андешиданд, аммо ӯро наҷот дода натавонистанд. Арӯси 13 солаи ноком аз талафоти хун фавтид …

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *