Арӯсони бе домод. Онҳоро «облава» ба Русия мебарад

— Рӯзи якшанбе марҳамат ба тӯйи арӯсии фарзанди мо. Тӯямон дар ҳавлӣ мешавад…

— Муборак бошад! Эркинҷон аз Русия кай омад?,- мепурсам аз ошноям, ки медонистам ду писару як духтар дошту писари заннододааш дар Русия буд.

— Эркин наомадааст, келинро мефиристем…

Қандата зан, тоҷик!

Аз ин суханони соҳибтӯй ба ҳайрат афтодам ва ҳамон замон шарҳи ин ҳодисаро аз як дӯстам, ки дар паҳлуям истода буд, шунидам:

— Шумо рӯзноманигор бошед ҳам, аз замона бехабар. Ин аллакай мӯд шуд. Ҳоло ҷавонони артишгурезро волидонашон аз ҳамин ҷо истода соҳиби зан мекунанду онҳоро чун «туҳфаи зинда» ба кишварҳои дигар, ба фарзандонашон мефиристанд. Ана, диная худаш як ҳамсояи ман бе домод келин карду ду рӯз пас билет гирифта, ба Русия фиристод. Ин ҳамааш ба шарофати «облаваи доимӣ»…

— «Облава»? Наход арӯсонро ҳам «облава» кунанд?

Аз нофаҳмии ман ҳайрон шуда, дӯстам шарҳ дод, ки баъд аз солона шудани «облава», яъне акнун на танҳо дар давраи даъват ба артиш, балки идомаи «сарбозшикор» дар тӯли сол, зангирҳои артишгурез ва волидони онҳо «ҳиллаи тоҷикӣ» ёфтаанд. Онҳо дар набудани домодшаванда зангирҳоро ғоибона зандор мекунанду минбаъд келинчакҳоро ба ҷои зисти доимиашон «посилка» мекунанд. Ҳам аз артиш дуру ҳам аз балое бо номи «облава». Қандата зан, тоҷик! Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳуснро ба туркон додаанду ақлро ба тоҷик”.

Занҳои лаби об хабар медиҳанд

Минбаъд барои равшанӣ андохтан ба ин мавзуи бароям аҷиб рӯ овардам ба таҳқиқи он. Маълум шуд, ки дар се моҳи охир танҳо аз як ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, аз рӯи маълумоти «занакои лаби об» (онҳо ҳеҷ вақт маълумоти нодуруст намедиҳанд!), аллакай 7 арӯс ба зери чодари маҷозӣ даромада, оғози «моҳи асалинро» дар дохили тайёра пешвоз гирифтаанд ва ният доранд, ки то соҳиби ду фарзанд нашаванд (қонунгузорӣ даъвати падари ду фарзандро ба артиш манъ мекунад), ба Ватан барнагарданд. Яъне ду тоҷикчаи нав дар хориҷа таваллуд шуда, то ба синни даъват расидани падарашон ба Тоҷикистон бармегарданд ва чун фурсат расад, акнун ҳам духтару ҳам писар боз барои зиёд кардани насли худ ба хориҷа мераванд. Мисли моҳӣ, ки дар вақти тухммонӣ ба болооб ҳаракат мекунад…

Вақте дурусттар пайи таҳқиқи ин масъала шудем, маълум гардид, ки чунин «ташаббус» дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба қавли кишоварзон «хуб нашъунамо дорад».

Нигаронӣ аз генофонди миллат

Тавре дар болотар гуфтем, сабаби асосии чунин ранг гирифтани кор  «облаваи доимӣ» будааст. Аммо инро роҳи ҳалли масъала гуфтан мумкин нест, зеро акнун на танҳо қувваҳои ҷавону қобили меҳнати мардона, балки кадбонуҳои ҷавони худро низ бо ҳамин роҳ мо берун аз кишвар мекунем, ки ин ба гуфти коршиносон, оқибати хуб надорад. Шояд андеша кунед, ки «хайр, рафтааст, рафтааст-дия, бе ин ҳам мераванд-ку…». Дуруст, аммо вақте арӯси деҳотӣ ба шаҳри бузурге мераваду дар он  ҷо бахти худро меёбад ва зиндагии беҳтареро мебинад, гумон аст, ки дигар барои зисти доимӣ ба зодгоҳаш баргардад. Ҳамин тавр, мо худ нафаҳмида хисорот ба генофонди миллат мерасонем…

Чаро чунин шуд?

Чаро чунин аст ва чаро миллати серфарзанди мо наметавонад артиши нисбатан камшумори худро таъмин кунад? Сабабҳо зиёданд ва чандтои онро аз дидгоҳи худ ин ҷо номбар мекунем.

Аввалан, эътибори артиш дар назди ҷавонони имрӯза коста аст ва хизмат дар онро онҳо на шараф, балки ноуҳдабароӣ дар роҳи раҳоӣ аз он мешуморанд.

Дуюм, овозаҳо атрофи зӯроварӣ дар артиш дар байни мардум хеле паҳн шудааст ва садди роҳи он гаштан кори осон нест.

Сеюм, ҷавонон намехоҳанд бе ягон подош ду соли умри худро сарфи артиш кунанд. Яъне, набудани имтиёзи воқеӣ онҳоро аз ин кор бозмедорад.

Ва боз чанд сабаби дигар, вагарна ба ин ҷадвал нигареду худ баҳо диҳед:

Қувваҳои ҳарбӣ
Шахсони қобили хизмат 600 000 нафар
Дар артиш хизмат мекунанд  8 800 н????афар
Қувваҳои захиравӣ 15 000 

Наход аз 600 ҳазор даъватшаванда 8-10 ҳазор сарбози қобили хизмат пайдо нашвад, ки “облава”-ро доимӣ кардему арӯсонро бе домод?

Чӣ бояд кард?

Акнун чанд андеша сари он, ки барои ислоҳи вазъ чӣ бояд кард? Қабл аз ҳама бояд обрӯи артишро дар байни мардум чун солҳои шӯравӣ, ки ба артиш бо сурнаю карнай гусел мекарданду бо зиёфати гузар пешвоз мегирифтанд, боло бурд. Барои ин қабл аз ҳама, бояд тарғибро дуруст ба роҳ монд. Яъне ин маъракаро на яквақтаю супоришӣ, балки доимӣ кард, зеро ҷавонон дар бораи гузаштаи пуршарафи Артиши Шӯравӣ, ки артиши мо то ҷое меросбари он аст, маълумот надоранд ва агар интихобан аз сад нафар ҷавони синни даъватӣ пурсед, ки кадом қаҳрамони тоҷики Ҷанги Бузурги Ватаниро медонед, гумон аст, ки чор-панҷ нафари онҳо як-ду нафарро номбар кунанд. Дар бораи вохӯрии мактабиён бо ветеранҳои чангҳои гузашта ҳоҷати гап ҳам нест, зеро чунин анъана кайҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

Бояд барои хизматчиёни ҳарбӣ имтиёзҳои воқеии иҷрошаванда ҷорӣ карда шаванд, на он ваъдаҳои хушки бепоя ба мисли “ба шумо замин медиҳем”. Ин имтиёзҳо метавонанд пас аз хизмати ҳарбӣ қабули содакардашуда ба мактабҳои олӣ, қабул ба кори давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ ва ғайраҳо бошанд. Бо он, ки ҳоло бо додани маблағ мо хизматгурезонро (ман хоҳ бепул бошад, хоҳ бо пул, онҳоро чунин мешуморам) аз хизмати Ватан озод мекунем, воқеан ҳам артишро ба “артиши камбағалон” табдил медиҳем ва ҳимояи Ватан ва марзу буми он чизе нест, ки бо пул харида шавад. Ин номуси ватандорию муҳаббати воқеӣ ба кишваре, ки дар он ҷо зода шудаед, буду чунин мемонад. Агар чунин нест, пас чист? Бо он ки “облаваи доимӣ” сари кор омад, акнун духтарони мо низ кам бошад ҳам, асираи он шуданд ва Худо накунад, ки ин раванд ба ҳукми анъана дарояд.

Ҳоло, ки замона ҳар рӯз мушкиле байни давлатҳо эҷод мекунад ва мо дар ҳалқаи “дӯстони забонию” душманони воқеӣ қарор дорему муҳтоҷи “дусад марди ҷангии беҳ аз сад ҳазор” мебошем, бояд пайи  мустаҳкам кардани артиши миллии худ шавем ва нагузорем, ки моро муҳтоҷи дигарон донанд.

Ба ҳар ҳол, Рӯзи Артиши миллиро ба ҳамаи онҳое, ки дар сари китф погон доранд ва ё доштанд, табрик мегӯям. Ин ид аз онҳост, на аз онҳое, ки аз хориҷ истода моро наҳ мезананд ва ё интизори “посилкаи зинда” дар шакли “арӯсони ватанӣ” ҳастанд…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

майори мустаъфӣ, дорандаи ордени “Ситораи Сурх”-и Артиши Шӯравӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *