Ҳар кӣ ошиқро шӯ кард, деги сиёҳ ба рӯ кард
Модарамро ёд надорам, зери шаттаю шаллоқи модарандари бераҳм ба воя расидаам. 17-сола будам, ки ишқ дари дили пурғамамро кӯфт.
Самад ба хонаи холааш меҳмонӣ омаду маро ба дарди ишқ гирифтор карда рафт. Холаи ӯ Сайрамбӣ дугонаи наздики модарам будааст, аз ҳамин хотир, миёнаравӣ карда, маро ба Самад расонд, вале…
Хушдоманам Майрамбӣ аз рӯзи аввал маро бад дид. Хушдоманам ҳаргиз маро келин намегуфт ва ҳатто номамро ба забон намегирифт, гадои пойлуч, кафангадо ва сағераи сархӯр гуфта садоям мекард. Холаи Сайрамбӣ ҳар бори ба хонаи мо меҳмонӣ омаданаш апаашро ба раҳму шафқат мехонад, вале хушдоманам бо хоҳараш ҷангу ҷанҷол карда “ин гадодухтари маймунро ту ёфтӣ” гӯён, ба даҳонаш мезанад. Маро мудом бадгӯӣ кардани модараш ба шавҳарам низ бе таъсир намонд, Самаде, ки як вақтҳо ошиқи зори ман буд, акнун маро аз бало ҳам бадтар мебинад. Шавҳарам дар пеши чашми ман ба дигар занону духтарон гап мепартояд ва маъшуқабозиашро пинҳон намедорад. Косаи сабрам лабрез гашт ва қаҳр карда ба хонаамон рафтам, вале моиндарам дар пеши чашми падарам дастак зада гуфт:
-Дар хона мешиштию худатро ба намоиш намегузоштӣ, ки бачаи Майрам ошиқи зорат шавад. Акнун, ки шӯ кардӣ, тоқат карда шин. Ман бевабон нестам!
Ба зӯр як шаб истодаму рӯзи дигар боз ба хонаи шавҳар баргаштам. Самад рӯи кати хобамон дароз кашида бо кадом зани фоҳиша тариқи телефон ишқварзӣ дошт ва чунон суханҳои шаҳватомезе мегуфт, ки…
Оташи рашк дар вуҷудам аланга зада бошад ҳам, лабамро газида, хомӯшона либосҳоямро иваз намудам ва аз паси кору бори хона шудам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бегоҳ хушдоманам аз бозор баргашта, як қошаш болову як қошаш поён “ин саги дар ба дар боз ба мо зор шуда омадааст-ку” гӯён, киноя зад.
Арӯс шуда, ман дар ин хона ягон рӯзи беҳро надидаам. Хар барин рӯзи дароз кор мекунам, аз гапашон набаромада “их” гӯянд медаваму “юш” гӯян меистам, вале дар назди шавҳару хушдоманам саг қадр дораду ман не. Шавҳарам сарватманд аст, мошини хориҷӣ ва пулу моли зиёде дорад, аммо то ҳол барои ман ягон чиз нахаридааст. Вай тез-тез ба хориҷа барои бор рафта ба ҳама хешу табораш туҳфа меорад, вале ба ман ақаллан як рӯймолча намедиҳад, ки занак, мана, инро гирифта ба дидагонат бимол. Бо ин ҳама беқадрӣ намехоҳам зиндагиам вайрон шавад, чунки дигар ягон ҷойи рафтан надорам. Шаби гузашта сару рӯямро шӯста, куртаи сафеди шабпӯшиамро ба бар намудам ва худамро дар оина тамошо кардам. Чашму абрӯи сиёҳи мушкин, пӯсти сафеди беҷурм, дар худ ягон камбудӣ наёфтам. Аз атри хушбӯйи хушдоманам ба сару рӯям пошида, ба хонаи хоб даромадам. Самад овози поямро шунида бедор шуд ва мақсади маро пай бурда, бо овози баланд хандид. Хандаи таҳқиромези шавҳарам банди диламро шикоф кард. Аз наздаш баромаданӣ будам, ки банди дастамро дошт. Чанд моҳ боз мардро надида будам, аз ин ҳаракати шавҳарам вуҷудамро лабрези фараҳ гашта, бо умед қафо гаштам. Самад лабханди тамасхуромез дар лаб гуфт:
-Буққаталаб шудаӣ? Ба назди ман не, пеши Ханҷар (номи сагаш) рав, тасфи туро чунон паст мекунад, ки…
Ин таҳқири шавҳарам маро бе корд кушт. Дигар зистан намехоҳам. Мехоҳам худамро оташ зада, аз чунин зиндагии сагона халос шавам. Аз ин ҷисми зебои ба касе нодаркор гулхане афрӯхтаниям, то маро бо тамоми дарду аламҳои дилам сӯхта хокистар созад…
Г., хонандаи “Оила”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ