Ҳар нафаре, ки дузди Ганҷинаро дидааст ба ВКД занг занад
Тавассути телевизиони давлатии Тоҷикистон акси занеро нашр карданд, ки эҳтимол меравад, дар ғайб задани Ганҷина Қаюмоваи 10-сола аз шаҳри Истаравшан даст дошта бошад. ВКД аз сокинон хостааст, ки барои муайян кардани шахсияти ин зан ба мақомот кумак расонандю Ганҷина 25 августи соли 2017, вақте аз бозори шаҳри Истаравшан ба хонаашон мерафт, дар роҳ ғайб зад. Қариб як соли ҷустуҷӯи ин кӯдак то ҳол натиҷае надодааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Сипар – Ахбори ВКД” аз шаҳрвандон барои муайян кардани шахсияти зане, ки эҳтимол меравад, дар гум шудани Ганҷина Қаюмова, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Истаравшан даст дошта бошад, кумак хост.
Дар барномаи «Сипар” акси зани гумонбар ва ҳам акси Ганҷинаи гумшударо нашр карданд ва аз сокинон хостанд, ки агар касе дар бораи кӣ будани ин зан ва макони будубошаш маълумоте дошта бошад, ба мақомоти милитсия хабар диҳад.
Ганҷина Қаюмова, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз санаи 25-уми августи соли 2017 бедарак буда, кофтукови мақомот ва пайвандонаш дар тӯли инак қариб як сол натиҷае надодааст.
Он рӯзи наҳси 25 августи соли гузашта Ганҷина шикамдард шуда буд ва ӯро падараш Ӯктамҷон Қаюмов ба беморхона бурд. Баъди аз беморхона баромадан онҳо ба бозори марказии шаҳриИстаравшан меоянд.Ӯктамҷон Қаюмов харид карда, ба Ганҷина мегӯяд, ки ба хона равад. Ганҷина азбозор мебарояд ва бо ҳамин бедарак мешавад.
Бори охир Ганҷина соати 15:20 дақиқаи нисфирӯзии 25 август дар камераи назоратии бозори марказии шаҳри Истаравшан сабт шудааст. Баъди он ӯ дар дурбини ягон камераи назоратии шаҳр наафтодааст ва касе ҳам ӯро надидааст.
Наздикони Ганҷина ваъда дода буданд, ки касе ӯро пайдо кунад, барояш дар шаҳри Истаравшан якхонаи дуҳуҷрагӣ тӯҳфа хоҳанд кард.
Додситонии шаҳри Истаравшан ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 бар асоси маълумоти пешакии ҷамъовардааш ба хулосае расида буд, ки Ганҷина Қаюмова ба эҳтимоли ғолиб аз ҷониби шахсониномаълум кушта шудааст ва ба ин далел парвандаи ӯ бар асоси моддаи 104(одамкушӣ) пеш бурда мешавад. Додситонӣ гуфт, ки то ҳол ин ҷинояти махсусан вазнин ошкор ва ҷинояткорон боздоштнашудаанд.
Дар иттилоияи додситонии Истаравшан ҳамчунин бори аввал гуфта мешуд, ки дар ин парванда «зани шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум” ҳамчун гумонбар мегузарад:
«Дар пешбурди прокуратураи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятӣ таҳти №23086 оиди ҳодисаи куштори Каюмова Ганҷина Уктамовна бо моддаи 104 қисми 1 Қонуни ҶТ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки санаи 25-уми августи соли 2017-ум сол тахминан соати 15:20 дақиқа хурдсол КаюмоваГанҷина Уктамовна санаи таваллудаш 30 июни 2008 сол, сокини ш.Истаравшан, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Найман, ҳавлии берақам, аз бозори марказии ш. Истаравшан, кӯчаи Раҷабови ш. Истаравшан баромада ба сӯи хонаашон деҳаи Найманиҷамоати деҳоти Чорбоғ раҳсипор гардида, дар роҳ бедарак гум шуда то ҳол дарёфт нагардидааст. Аз маводҳои чамъовардашуда бармеояд, ки хурдсол Каюмова Ганҷина аз ҷониби шахсони номаълум кушта шудааст. То инҷониб ҷинояти махсусан вазниннокушода монда, чинояткорон муайян ва дастгир карда нашудаанд. Бо мақсади ошкорнамудани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани ашхоси гунаҳкор дар асоси талаботи моддаи 8-и конуни Конститутсионии ЧТ дар бораи мақомотиро куратураи ЧТ аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки акси ҷабрдида хурдсол Қаюмова Ганҷина ва зани шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум дар барномаҳои иттилоотии телевизион пахш карда шуда аз шаҳрвандон хохиш карда шавад, ки дархусуси доштани ягон маълумот нисбати ҷабрдида хурдсол Қаюмова Ганҷина ва занишахсияташ номаълум ба прокуратураи шаҳри Истаравшан бо воситаи телефонҳои 83454 2 04 42, 834 54 2 40 00 ва ё ба рақами 92 818 38 44 хабар диҳанд».
Бознашр аз «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ