Ғарқшавии як сарҳадчӣ дар дарёи Сир

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд аз ҳалокати як хизматчии ҳарбӣ дар рудхонаи Сир хабар додааст. 

Ҷовид Бобоеви 21-сола, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), ки хизматчии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд будааст, ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи якшанбеи 21 август, тахминан соати 15:45 дар мавзеи манъшудаи дарёи Сир, воқеъ дар назди Боғи фароғатии “Наврӯзгоҳ” оббозӣ карда, бинобар маҳорати хуби шиноварӣ надоштан, ба ҳалокат мерасад: Ҷасади ӯро наҷотдиҳандаҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода пас аз чанд лаҳзаи ғарқшавӣ аз дарё берун кардаанд”.

Ба омори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд давоми 7 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 20 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд расидааст, ки дар натиҷа 10 нафар ҳалок ва 10 каси дигар наҷот ёфтаанд: Аз 10 ҳолат 5 нафар даст ба худкушӣ задааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *